Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ба тавфиқ ва иззат ва ҷалоли илоҳӣ, Фаластин пирӯз хоҳад шуд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо ҷамъе аз коргарони ин кишвар ба муносибати гиромидошти Рӯзи коргар, аз ҷумла гуфт: “Банда ақидаам ин аст, ки ба тавфиқи илоҳӣ, ба иззат ва ҷалоли илоҳӣ, Фаластин бар ишғолгарони саҳюнист пирӯз хоҳад шуд. Ин кор иттифоқ хоҳад афтод.”Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Ботил ҷавалоне дорад, чанд рӯзе …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо ҷамъе аз коргарони ин кишвар ба муносибати гиромидошти Рӯзи коргар, аз ҷумла гуфт: “Банда ақидаам ин аст, ки ба тавфиқи илоҳӣ, ба иззат ва ҷалоли илоҳӣ, Фаластин бар ишғолгарони саҳюнист пирӯз хоҳад шуд. Ин кор иттифоқ хоҳад афтод.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Ботил ҷавалоне дорад, чанд рӯзе ҷилвае мекунад, лекин рафтанӣ аст, қатъан хоҳад рафт, дар ин тардиде нест. Ин завоҳире, ки мушоҳида мешавад, ҳоло корҳое мекунанд ва пешрафтҳое дар Сурия, дар ҷоҳои дигар анҷом медиҳанд, ин далели қувват нест, балки нишонаи заъф аст ва мӯҷиби заъфи бештар ҳам хоҳад шуд, иншоаллоҳ!”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ёдовар шуд: “Умедворем, миллати Эрон ва миллатҳои мӯъмин, ин рӯзро, рӯзи пирӯзии Фаластин бар муҳоҷимин ва бар ғосибони Фаластинро иншоаллоҳ ба чашми худашон мушоҳида кунанд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *