Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо ҷамъе аз коргарони ин кишвар ба муносибати гиромидошти Рӯзи коргар, аз ҷумла гуфт: “Сиёсатҳои муғризонае, ки имрӯз дар дунё алайҳи миллатҳо ба кор меравад; саъй мешавад масоили марбут ба Фаластин ба фаромӯшӣ супурда шавад. Набояд иҷоза бидиҳанд миллатҳои мусалмон; набояд иҷоза бидиҳанд. Бо шойеъаҳои гуногун, бо ҳарфҳои гуногун, бо пеш овардани масоили ҷадид, ҳарфҳои ҷадиди берабт, бемаънӣ; саъй мекунанд зеҳнҳоро аз масъалаи Фаластин мунсариф кунанд. Зеҳнҳо набояд аз масъалаи Фаластин мунсариф бишавад.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Ҷинояте, ки режими саҳюнистӣ дар Ғазза, дар Фаластин анҷом медиҳад, чизе нест, ки қобили сарфи назар кардан бошад. Ҳамаи дунё бояд дар муқобилаш биистанд. Ҳам дар муқобил худи режими саҳюнистӣ биистанд, ҳам дар муқобили ҳомиёни режими саҳюнистӣ биистанд… Омрикоиҳо ба маънои воқеии калима ҳимоят мекунанд. Ҳоло дар олами сиёсат ҳарфҳое зада мешавад, чизҳое гуфта мешавад, ки мумкин аст хилофи инро ба зеҳнҳо мутабодар кунад, аммо воқеияти қазия ин нест; воқеият ин аст, ки миллати мазлуми Фаластин, мардуми мазлуми Ғазза имрӯз фақат бо режими саҳюнистӣ рӯбарӯ нестанд, бо Омрико рӯ ба рӯянд, бо Ангилис рӯ ба рӯянд.”