Нишасти имрӯз дар Шармушшайхи Миср – ин шаҳри наҳс, ки робитаи сиёсии аъроб бо Исроил аз ҳамин ҷо калид хӯрдааст

ёдовари нишастҳои пешин бо меҳварияти Фаластин аст, чӣ дар ҳамин шаҳри наҳс ва чӣ дар Осло ва ғайра, ки ҳамеша сарони Омрико бо сарони кишварҳои арабӣ – ва тоза, Туркия ва Озарбойҷон низ ба он онҳо пайваста – гирди ҳам меомаданд ва барои Фаластин ва ояндаи он тасмим мегирифтанд.Ёдам ҳаст, вақте дар Осло, Арафот бо …

ёдовари нишастҳои пешин бо меҳварияти Фаластин аст, чӣ дар ҳамин шаҳри наҳс ва чӣ дар Осло ва ғайра, ки ҳамеша сарони Омрико бо сарони кишварҳои арабӣ – ва тоза, Туркия ва Озарбойҷон низ ба он онҳо пайваста – гирди ҳам меомаданд ва барои Фаластин ва ояндаи он тасмим мегирифтанд.

Ёдам ҳаст, вақте дар Осло, Арафот бо Исҳоқ Робин паймони сулҳ баста буд, ҳама гумон мекарданд, ки дигар парвандаи Фаластин пӯшида шуд. Дар ҳоле, ки мубориза ва пайкори муқовимати Ҳизбуллоҳ ва гурӯҳҳои фаластинӣ, ки он вақтҳо чизе надоштанд, ранге дигар гирифт ва расид ба ин ҷо, ки мебинед. Ҳизбуллоҳ Исроилро аз ҷануби Лубнон ронд ва андаке баъд, артиши Исроил аз Ғазза низ залилона берун ронда шуд.

Бинобар ин, пайкор ва муборизаи мусаллаҳонаи фаластиниҳо бо Исроил то замоне, ки режими опортойди саҳюнистӣ аз байн наравад ва як кишвари воҳид, ки тавассути фарзандони он, яъне тавассути мусалмонон ва масеҳиҳо ва яҳудиҳои бумӣ ташкил нашавад, идома хоҳад дошт.

Нишасти имрӯз, мисли ҳамон нишастҳои қаблӣ аст ва ҳеч тафовуте бо онҳо надорад ва ҳама, барои наҷоти режими кӯдаккуши Исроил аст.

Аммо кӯр хондаанд! То замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳаст, мубориза ҳаст!

С.И.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *