Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханоне ба муносибати иди саъиди Ғадир, бо табрики ин муносибат ба миллати Яман ва уммати исломӣ, ин муносибатро “ҷашни бузурги динӣ” тавсиф кард ва гуфт, миллати Яман ҳарсола ин рӯзро дар манотиқи мухталиф бошукӯҳи густарда гиромӣ медорад ва онро бахше аз мероси имонӣ ва ҳувияти динии худ медонад ва дар ин росто имрӯз даҳҳо шаҳр ва садҳо нуқта аз Яман шоҳиди баргузории таҷаммуъот ва ҷашнҳои пуршӯр дар бузургдошти иди вилоят буд.
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханони худ гуфт, ки муносибати Ғадир ва рӯзи вилоят, дар таърихи динӣ ва фарҳангии миллати Яман решадор аст ва як рӯйдоди мақтаъӣ ё тозападид нест, балки дар тӯли қуруни мутамодӣ дар бистари имони ин миллат зинда нигаҳ дошта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, миллати Яман ҳамвора ба муносибатҳои динӣ аз ҷумла милоди паёмбари ислом аҳаммияти вежае дода ва аз ин муносибатҳо барои тақвияти ҳувияти динӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавии худ баҳра мегирад.
Раҳбари Ансоруллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ воқеаи Ғадирро аз “ҳақоиқи таърихии мусаллам ва мавриди иттифоқи муаррихон ва муҳаддисон” донист ва таъкид кард, ки ин рӯйдод на танҳо маҳалли тардид нест, балки бахше қатъӣ аз таърихи ислом ба шумор меравад.
Ӯ афзуд, зинда нигаҳ доштани ин муносибат, дар воқеъ эҳёи як ҳақиқати асили таърихӣ ва динӣ аст, ки баёнгари камоли дин ва тамомияти неъмати илоҳӣ маҳсуб мешавад.
Ӯ дар идома, мафҳуми “вилоят”-ро меҳвари аслии суханони худ қарор дод ва таъкид кард, ки тақвияти ин мафҳум, нақши таъйинкунандае дар масунсозии уммати исломӣ дар баробари нуфуз ва султаи хориҷӣ дорад.
Ба гуфтаи вай, пазириши султаи сиёсӣ ва фикрии қудратҳои хориҷӣ, бавежаи яҳуду насоро, умматро аз масири истиқлол хориҷ карда ва заминаи султапазирӣ ва тазъифи ҳувияти диниро фароҳам месозад.
Раҳбари Ансоруллоҳ тасреҳ кард, ки вобастагӣ ба душманон танҳо як мавзеъи сиёсӣ нест, балки падидае аст, ки дар тамоми абъоди зиндагии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии уммат асаргузор буда ва дар ниҳоят ба тазъифи қудрат ва истиқлоли ҷавомеъи исломӣ мунҷар мешавад.
Ӯ афзуд, чунин раванде дар ниҳоят ба салби озодӣ, таҳмили иродаи бегонагон ва қарор гирифтани уммат дар чорчӯби “вилояти тоғут” меанҷомад.
Вай ҳамчунин бо ишора ба шароити кунунии ҷаҳони ислом гуфт, масаълаи вилоят иртиботи мустақим бо воқеиятҳои имрӯз, чолишҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои пеши рӯйи уммат дорад ва аз ҳамин рӯ бояд дар авлавияти тавваҷӯҳи ҷавомеъи исломӣ қарор гирад.
Ҳусӣ дар идомаи суханони худ бо ишора ба маъмурияти уммати исломӣ таъкид кард, ки вазифаи мусулмонон сирфан дар ибодоти фардӣ хулоса намешавад, балки онон масъулияти ҷаҳонӣ дар заминаи даъват ба хайр, амр ба маъруф, наҳй аз мункар ва барпоии адолат доранд ва ин масир, бо иттико ба вилояти илоҳӣ, масири иззат ва пешрафти уммат хоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин бо баёни ин ки масири вилоят дар таърихи ислом имтидод дорад, Имом Алӣ алайҳис саломро оғозгари тадовуми ин масир дар чорчӯби ҳидояти илоҳӣ муаррифӣ кард ва гуфт, талоши душманон ҳамвора бар қатъи ин масир ва савқ додани уммат ба самти заъф, вобастагӣ ва инҳитот мутамаркиз будааст.
Равобити бархе кишварҳо бо низоми султа, бар мабнои табаъияти бечуну чарост
Раҳбари Ансоруллоҳии Яман дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, ки равобити бисёре аз давлатҳои исломӣ бо Омрико, Исроил, яҳуди саҳюнист ва кишварҳои ғарбӣ, бар пояи табаъият ва пазириши диктаҳои сиёсӣ шакл гирифтааст.
Вай гуфт, бисёре аз давлатҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ ҳатто дар расонаҳои худ дар бораи ҷузъиёти дидорҳо ва таъомулоташон бо яҳуду насоро сухан мегӯянд ва ин иртиботот ба ҳавзаҳои мухталифи зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии уммат густариш ёфтааст.
Ҳусӣ бо ишора ба таҳаввулоти минтақа афзуд, ки бахши зиёде аз мавозеъи давлатҳо дар қиболи ҷанг алайҳи навори Ғазза, таҳти таъсири мустақими дастурот ва фишорҳои Омрико ва Исроил аст.
Вай дар идома гуфт, дар бисёре аз маворид, яҳуди саҳюнист ба сурати мустақим дар таъйини масъулон ва сохторҳои силсиламаротиби давлатҳо дахолат мекунанд ва ҳар ҷараён ё давлате, ки ин дахолатро напазирад, бо фишор ва ҳазфи сиёсӣ мувоҷеҳ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, меъёри пазириши масъулон дар бахши бузурге аз ҷаҳони араб ва ислом, мизони мақбулияти онон назди Омрикост.
Раҳбари Ансоруллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ ба намунае аз таҳаввулоти сиёсии Ироқ ишора кард ва гуфт, бархе сиёсатмадорон ба далели адами пазириш аз сӯйи Омрико аз рақобатҳои сиёсӣ канор гузошта мешаванд. Ӯ афзуд, дар амал, мафҳуми “машрӯъияти сиёсӣ” дар бисёре аз кишварҳо ба мизони ризояти Омрико ва Исроил гиреҳ хӯрдааст ва ин афрод ҳастанд, ки таъйин мекунанд чӣ касе дар қудрат бошад ва чӣ касе набошад.
Ҳусӣ бо интиқод аз сиёсати “талош барои ҷалби ризоят ва татбеъ бо душманон” гуфт, ин рӯйкард аз хатоҳои бузург ва хатарнок дар ҷаҳони ислом аст, ки ҳатто бар арсаи омӯзиш низ таъсир гузошта ва мӯҷиби ҳазф ё тағйири бархе мафоҳим ва оёти Қуръони Карим аз мутуни дарсӣ дар бархе кишварҳо шудааст.
Ӯ бо ишора ба таҳаввулоти минтақаӣ гуфт, мавзеъи Яман нисбат ба ҷиноёт, таҷовуз ва султаҷӯӣ дар Фаластин, Лубнон, Эрон, Яман ва Сурия равшани аст. Ӯ ин иқдомотро дар чорчӯби як пружаи густардатар барои тағйири муъодилоти минтақа ва пешбурди тарҳҳое чун “эҷоди Исроили бузург” ва “тағйири Ховари Миёна” арзёбӣ кард.
Ҳамроҳӣ бо Омрико дар як ҷанги минтақаӣ ҷуз нангу хорӣ натиҷае надорад
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар бахши поёнии суханони худ бар идомаи рӯёрӯӣ бо душманон, омодагии меҳвари муқовимат барои муқобила бо ҳар гуна таҳаввулоти ҷадид ва зарурати ҳушёрии кишварҳои минтақа дар баробари сиёсатҳои Омрико таъкид кард.
Ҳусӣ тасреҳ кард, ки мавзеъи Ансоруллоҳ дар душманӣ бо душманони ислом ва муқобила бо он чи “шарр, туғён, тавтиъаҳо ва барномаҳои шайтонии онон” тавсиф кард, мавзеъи асил ва бархоста аз омӯзаҳои Қуръони Карим аст ва ин ҷараён ба чунин мавзеъе ифтихор мекунад.
Вай ҳамчунин бар омодагии комили нерӯҳои вобаста ба меҳвари муқовимат барои мувоҷеҳа бо ҳар гуна ташдиди таниш ё таҳаввулоти ҷадид таъкид кард ва гуфт: мо бар омодагии худ барои муқобила бо душманон, бо ёрии Худованд ва бо иттико ба ӯ, дар ҳар марҳила аз мароҳили ташдиди таниш ё ҳар таҳаввули эҳтимолӣ дар чорчӯби шароити кунунӣ таъкид мекунем.
Раҳбари Ансоруллоҳ дар идома бо ишора ба ҳамоҳангиҳои мавҷуд миёни гурӯҳҳои муқовимати минтақа изҳор дошт: мо дар қиболи таҳаввулоти Лубнон ва Фаластин, ҳамчунин дар баробари иқдомоти золимона ва таҷовузкоронаи Омрико ва ҳар он чи муқобила бо ин иқдомотро зарурӣ месозад, дар ҳамоҳангии комил бо бародарони муҷоҳиди худ дар меҳвари ҷиҳод, муқовимат ва Қудс қарор дорем.
Ҳусӣ ҳамчунин хитоб ба давлатҳо, ҷараёнҳо ва бозигарони минтақаӣ ҳушдор дод, ки нисбат ба талошҳои Омрико барои кашондани онон ба даргириҳое, ки дар хидмати Исроил бошад, ҳушёр бошанд.
Вай гуфт: ба ҳамаи нерӯҳо ва тарафҳои минтақа тавсия мекунем, муроқиб бошанд, ки Омрико ононро ба ҷанге дар хидмати душмани саҳюнистӣ накашонад.
Раҳбари Ансоруллоҳ афзуд, ки Омрико дар амал дар талош аст бархе қудратҳо ва ҷараёнҳои минтақаро ба нуқтае бирасонад, ки вориди як ҷанги фарогир дар хидмати Исроил шаванд.
Ӯ дар поён ҳушдор дод, ки ин сиёсат, ҳатто барои тарафҳое, ки мумкин аст вориди чунин масире шаванд, паёмадҳои сангине ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва таъкид кард: Омрико дар пайи гирифтор кардани бархе тарафҳо дар ин масир аст, дар ҳоле ки натиҷаи он барои онони чизе ҷузи зиён, нанг, хорӣ ва паёмадҳои хатарнок нахоҳад буд.