Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бо вуҷуди моҳҳо даргирӣ аз муқобила бо Эрон оҷиз мондааст, акнун қасд дорад ба абзори дигари фишор, аз ҷумла ирсоли парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, рӯ оварад, то ба гумони худ, Эронро ба таслим шудан водор кунад.
Ба нақл аз Форс: Нашрияи Блумберг гузориш додааст, ки Иёлоти Муттаҳида қасд дорад мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро ба далели он чӣ «ҳамкорӣ накардани Теҳрон бо коршиносони Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ (IAEA)» хонда шудааст, дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид матраҳ кунад.
Бар асоси ин гузориш, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад ин пешниҳодро дар ҷаласаи Шӯрои ҳокимони Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ дар Вена ироа кунад. Дар ин қатънома аз Эрон хоста мешавад, ки «фавран нақзи ӯҳдадориҳои худро ислоҳ кунад» ва ба бозрасон иҷозаи дастрасӣ диҳад, то тасдиқ кунанд, ки маводи ҳастаӣ танҳо барои ҳадафҳои осоишта истифода мешаванд.
Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ низ имрӯз дар нишасти Шӯрои ҳокимон кӯшиш кард, бидуни ишора ба далелҳои асосноки Эрон, масъалаи «ҳамкорӣ накардани Эрон бо Оҷонсӣ»-ро барҷаста кунад. Вай таъкид кард, ки ин ниҳод беш аз як сол боз натавонистааст маълумоте дар бораи захираҳои уран дар таъсисоти осебдидаи ҳастаии Эрон дарёфт кунад. Вай хостори ҳамкории «созанда»-и Эрон шуд.
Ин мақоми Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин таъкид кард, ки раванди дастрасӣ надоштани Оҷонсӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон бояд «фавран» ислоҳ шавад.
Ба назар мерасад, гузориши Гроссӣ низ ба навъе бахше аз муаммоест, ки амрикоиҳо барои тарҳрезии он талош доранд, то ба ин васила фишорҳо бар Эронро афзоиш диҳанд.
Таҷовузҳои Амрико ва Исроил ба хоки Эрон ва ҳадаф қарор гирифтани таъсисоти ҳастаии ин кишвар аз муҳимтарин далелҳое буданд, ки боиси он шуданд мақомоти Эрон аз бозгашти бозрасони Оҷонсӣ ба бархе таъсисоти ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунанд. Идомаи ин ноамниҳо бо оғози Ҷанги Рамазон низ сабаби дигаре шуд, ки ин раванд ба таъхир биафтад.