Ба гузориши Фарорӯ, Қатар ва Покистон ба унвони миёнҷӣ, дар хусуси нахустин даври гуфтугӯҳои Эрон ва Омрико, баёнияе муштарак содир карданд, ки бад-ин шарҳ аст:
Нахустин даври гуфтугӯҳои сатҳи олӣ дар чорчӯби “Ёддошти тафоҳуми Исломобод” бо мушорикати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ду тарафи миёнҷӣ, яъне давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар Бюргенштоки Суис (Швейтсария) ба поён расид.
Рӯзи нахусти нишасти дарёчаи Лютсерн дар фазое мусбат ва созанда баргузор шуд. Пешрафтҳои умедворкунандае ҳосил шудааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба эҷоди созукоре барои идомаи гуфтугӯҳои фаннӣ ишора кард.
Бар мабнои ёддошти тафоҳум, тарафҳо бо ташкили як “кумитаи олӣ” мувофиқат карданд, ки масъулияти назорати сиёсӣ бар раванди миёнҷигариро бар ӯҳда хоҳад дошт. Музокиракунандагони аршад ба таври муназзам ба кумитаи олӣ гузориш хоҳанд дод ва ҳидояти коргурӯҳҳои мутамаркиз бар мавзӯъоти ҳастаӣ, таҳримҳо ва низ коргурӯҳи назорат ва ҳаллу фасли ихтилофотро барои тазмини иҷрои муассири ёддошти тафоҳум ва ҳамчунин расидагӣ ба соири мавзӯъот бар ӯҳда хоҳанд дошт.
Кумитаи олӣ бар сари як нақшаи роҳ барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ зарфи муддати 60 рӯз ба тавофуқ расидааст; амре, ки заминаро барои оғози фаврии гуфтугӯҳои фаннии бештар фароҳам мекунад. Афзун бар ин, барои давраи замонии мазкур дар банди 5-и ёддошти тафоҳум, як хатти иртиботӣ миёни тарафҳо эҷод шудааст, то аз бурузи ҳаводис ва суитафоҳумҳо ҷилавгирӣ шавад ва убури эмани киштиҳои тиҷорӣ аз тангаи Ҳурмуз тазмин гардад.
Ҳамчунин тарафҳо бо эҷоди як “воҳиди контроли мунозиъа” миёни худ ва Ҷумҳурии Лубнон, бо тасҳилгарии миёнҷиҳо мувофиқат карданд, то пойбандӣ ба таваққуфи амалиёти низомӣ дар Лубнон мутобиқ бо муфоди ёддошти тафоҳум тазмин шавад. Гуфтугӯҳои фаннӣ дар бораи тамомии мавзӯъот то поёни ҳафта дар маҷмӯъаи Бюргеншток идома хоҳад ёфт.
Тарафҳои миёнҷӣ ба талошҳои ҳадди аксарии худ идома хоҳанд дод, то итминон ҳосил шавад, ки музокирот ҳамчунон дар фазое созанда пеш меравад ва ҳадафи дастёбӣ ба як тавофуқи ниҳоӣ муҳаққақ шавад.
Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон маротиби қадрдонии самимонаи худро аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сабаби пойбандии мустамирри онон ба диплумосӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези муноқиша иброз мекунанд. Тарафҳои миёнҷӣ ҳамчунин аз шарикон ва муттаҳидон ба хотири ҳимояти мустамир ва мушорикати арзишмандашон дар раванди ҷории музокирот тақдир менамоянд.