Баёнияи Ҳамос дар бораи шаҳодати женерол Саъиди Эзадӣ: “Ҳоҷ Рамазон сутуни пуштибонӣ аз муқовимат буд”

Ҷунбиши Ҳамос ва шохаи низомии он, Қассом дар баёнияе шаҳодати сардор Саъиди Эзадиро таслият гуфт ва аз Ҳоҷ Рамазон ба унвони “яке аз сутунҳои пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин” ёд кард.Ба гузориши “Фаластин онлойн”, Ҳамос ва Қассом бо судури баёнияе, шаҳодати сардор Саъиди Эзадӣ, масъули парвандаи Фаластин дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро ба миллати Эрон, …

Ҷунбиши Ҳамос ва шохаи низомии он, Қассом дар баёнияе шаҳодати сардор Саъиди Эзадиро таслият гуфт ва аз Ҳоҷ Рамазон ба унвони “яке аз сутунҳои пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин” ёд кард.

Ба гузориши “Фаластин онлойн”, Ҳамос ва Қассом бо судури баёнияе, шаҳодати сардор Саъиди Эзадӣ, масъули парвандаи Фаластин дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро ба миллати Эрон, хонаводаи ин фармондеҳи шаҳид ва уммати исломӣ таслият гуфт.

Ҳамос баён кард: “Бо қалбҳои саршор аз имон ба машияти илоҳӣ, шаҳодати фармондеҳи муҷоҳид, сардор Саъиди Эзадӣ, Ҳоҷ Рамазонро ба уммати арабӣ ва исломӣ таслият мегӯем; фармондеҳе, ки дар ҷараёни таҷовузи ноҷавонмардонаи режими саҳюнистӣ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳадафи терур қарор гирифт ва ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омад.”

Ҷунбиши Ҳамос дар ин баёния аз Ҳоҷ Рамазон ба унвони “яке аз сутунҳои пуштибонӣ аз муқовимати Фаластин” ёд карда ва таъкид кард: “Ӯ шабу рӯзро дар хидмати ормони Фаластин сипарӣ кард ва талошҳои бевақфае барои тақвияти тавони муқовимат дар баробари душмани саҳюнистӣ анҷом дод. Шаҳодаташ, агарчӣ зойеъае дарднок аст, аммо хуни ӯ ҳамчун дигар шаҳидони муқовимат, чароғи роҳи озодсозӣ хоҳад монд.”

Ҳамос дар идома зимни таслият ба раҳбарӣ, миллат ва хонаводаи ин шаҳиди бузургвор дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз истодагии таърихии Эрон дар ҳимоят аз Фаластин таҷлил кард ва бар тадовуми масири муқовимат то таҳаққуқи пирӯзӣ ва озодии Қудси шариф таъкид намуд.

Ин ҷунбиш дар поён таъкид кард: “Худованд фармондеҳи шаҳид ва ҳамаи касонеро, ки дар масири Қудс ба шаҳодат расиданд, раҳмат кунад. Аз Худо мехоҳем, ки эшонро машмули раҳмати густардааш қарор диҳад, дар биҳишти паҳновараш сокин гардонад ва ба поси хадамоташон ба Фаластин ва миллати он, беҳтарин подошро ба онон ато фармояд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *