Нахуст, посдорон ва басиҷиёни азиз бидонед, шумо дар ниҳоде хидмат мекунед, ки шурӯи он бо қиёми Ошуро дар соли 61 ҳиҷрии қамарӣ ва шаҳодати сайид ва солори шаҳидон, Абӯабдуллоҳ, Ҳусайн алайҳис-салом оғоз шуда ва муҷоҳидати шумо ба зуҳури ҳазрати валийи аср (а) (Имом Маҳдӣ) иншоаллоҳ бирасад ва дар ин масир гум кардани роҳ ва дучори рӯзмаррагӣ шудан, гуноҳе нобахшуданӣ хоҳад буд.
Чанд нукта ҳам ба миллати бузург ва шарифи Эрон аз тарафи ходим ва сарбози худашон:
1. Тавсия мекунам, табаият (пайравӣ) аз вилояти фақеҳ ва Имом Хоманаии азиз — мудда зиллуҳул-олӣ! — ро ба унвони ноиби оқо имоми замон (а) (Имом Маҳдӣ) ва фарзанди ҳазрати Заҳро (с), сарлавҳаи зиндагии худ қарор диҳед;
2. Инқилоби Исломӣ ва низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳосили муҷоҳидат, исор (аз худ гузаштагӣ) ва фидокорӣ ва орзуи ҳамаи маъсумин алайҳимус-салом, солеҳон аз садри ислом то кунун будааст ва ин неъмати илоҳӣ бо тақдими чанд ҳазор шаҳид, ҷонбоз, хуни дили модарону падарон ва хонаводаҳои доғдида ва талош ва муҷоҳидати исоргарон ва уламои роҳи ҳақ ҳосил шудааст. Бар ҳамаи мо таклифи илоҳист, то онро ҳифз кунем ва то расидан ба ҷомеаи исломӣ, давлати исломӣ ва тамаддуни исломӣ, аз ҳеч кӯшише дареғ нашавад;
Ин ҳаракати душманони ислом дар як шаб иттифоқ нахоҳад афтод, балки ба мурур ва бо нуфуз дар аркони низом шакл мегирад ва яке аз роҳҳои кӯтоҳ, интихобот аст. Дар интихобот, аъамм аз маҷлис ё риёсати ҷумҳурӣ, шӯроҳо ва ғайра, аз вуруди афроди либероли ғарбгаро, имтиҳон паснадода, навкиса ба шиддат ҷилавгирӣ шавад;
5. Ҳамон тавре, ки афроди шохис ва фидоии арсаи дифоъ ҳамчун шаҳидон Бокирӣ, Харрозӣ, Сулаймонӣ, Муқаддам, Шафеъзода, Боқирӣ ва ҳазорон шаҳиди дигар, барои ҳамаи мардум шинохташуда ҳастанд, сардорони шохис, фидоӣ ва инқилобии арсаи иқтисод, сиёсат ва фарҳанг ва соири арсаҳо бояд маълум бошад.
Ҷавонони инқилобӣ ҳамаи сангарҳои арсаи хидматро бояд тасоҳуб кунанд ва муроқиб бошанд, баъд аз муддате, худ ба тоғут табдил нашаванд, балки инқилобӣ бимонанд. Ин кор шуданӣ аст ҳамон тавре, ки дар арсаи дифоъ аз кишвар анҷом шуд;
6. Дар пайравӣ аз вилояти фақеҳ ва Имом Хоманаии азиз, амали холисона, касби басират, муборизаи беамон бо истикбор, дар раъси он Омрикои ҷинояткор ва режими кӯдаккуши Исроил, лаҳзае диранг накунед ва душмании душманонро ҷиддӣ бигиред;
Миллати бузурги Эрон бавежа ҷавонони азиз бидонанд, ваъдаҳои илоҳӣ ҳақ аст ва бо эътимод ба ваъдаҳои илоҳӣ, амали холисона ва истиқомат дар баробари сахтиҳо, бо эътимод ба нафс ва худбоварӣ, аз ҳамаи мавонеъи кучаку бузург метавон убур кард.
Дар сояи амали инқилобӣ, чаҳор даҳа бо душманони арсаи низомӣ, амният, минтақаӣ бо вуҷуди таҳрими таслеҳотӣ, миллати бузурги Эрон истодагӣ кард ва ба лутф ва инояти илоҳӣ пирӯз шуд.
Ваъдаҳои пуч ва фиребандаи онҳо масири низом ва Инқилобро иваз накунад.
Нусхаи наҷотбахш ва мизони ташхиси шумо аз мавозини ислом, фаромини раҳбари муаззами Инқилоб бояд бошад.
7. Эрон азиз дорои захоири азим ва ганҷҳои фаровони моддӣ ва инсонӣ аст ва аз тарафе дар чаҳорроҳ ва нуқтаи роҳбурдии ҷаҳон ва тамаддунҳои гуногун қарор дорад ва тамаъи қудратҳо ҳамвора барои истеъмор ва чаповули сарвати минтақа буда ва ҳаст. Ва танҳо роҳи наҷоти кишвар, қавӣ шудан, иттико ба худ, душмании душманонро ҷиддӣ гирифтан, табаият аз раҳбарӣ, интихоби масъулини мухлис, дилсӯз ва покдаст мебошад.
8. Нуктаи муҳим дар иртибот бо умр ва зиндагӣ бавежа барои ҷавонони азиз метавонам арз кунам, он чи мусаллам аст, замони таваллуд ва мавқеъи марг аз мудирият ва ихтиёри мо хориҷ аст ва тасмими мо асаре надорад, вале ихтиёри он чиро, ки Худованди Мутаол ба мо дода, амали мост. Амали мо метавонад зиндагиро ба хусрон ё амали солеҳ табдил кунад.
Имрӯз фурсати ман ба поён расид, вале шумо фурсат доред ва аз он ба беҳтарин шакл истифода кунед.
Агар кӯтоҳӣ дар амал доштам, агар касеро азият кардам, агар гуноҳе аз ман сар зад, ба воситаи ҳамаи қусурҳо ва тақсирҳо узр мехоҳам, аз ҳамаи ҳамкорон, дӯстон, миллати бузурги Эрон узрхоҳӣ мекунам ва умедворам маро бибахшанд, аз Худованди Мутаол узри тақсир дорам.
Умедворам, бо шафоати аиммаи (имомомни) маъсумин алайҳимус-салом бавежа Фотимаи Заҳро (с) ва дуои миллати Эрон, пок ва дар либоси шаҳодат маҳшур шавам!