Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман эълом кард: “Ҳар чи қадр ҳам, ки ба Яман ҳамла шавад, мо ба ворид овардани заработ ба Исроил идома хоҳем дод.”
Ба гузориши Shafaqna, Ал-Бухайтӣ ба телевизиони қатарии Ал-арабӣ гуфт: “Ҳамлаи Исроил ба фурудгоҳи Санъо монеъи заработи мо алайҳи ин режим нахоҳад шуд.”
Вай афзуд: “Мо ба ёрии Ғазза идома хоҳем дод ва бозандаи бузург касе аст, ки дар ин амр сустӣ мекунад, на касе, ки ба хотири Ғазза мутаҳаммили заработ мешавад.”
Ин мақоми яманӣ таъкид кард: “Омрикоиҳо рӯйи таслим шудан ва ба зону даромадани Яман ҳисоб боз карда буданд, аммо ноком монданд.”
Ал-Бухайтӣ тасреҳ кард: “Мо аз таҳаққуқи пирӯзӣ бар ишғолгарони исроилӣ мутмаин ҳастем ва ҳар иттифоқе биафтад, Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳем кард.”
Вай гуфт: “Мо муваффақ шудем Омрикоро аз муъодалаи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ дар анҷоми ҳамалот алайҳи Яман хориҷ кунем.”