Грета Тунберг ва корвони Madleen то 20 соати дигар дар Ғазза // Вазири ҷанги Исроил хитоб ба Грета Тунберг ва корвони Madleen: “Ҳаргиз ба Ғазза намерасед!”

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба аъзои киштии озодии Madleen, ки барои шикастани муҳосираи Ғазза дил ба дарё задаанд, эълом кард, ки “ба Ғазза намерасед, пас баргардед!”Исроил Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, корвони озодии Madleen-ро, ки ба қасди кӯмакрасонӣ ба самти обҳои Ғазза ба роҳ афтодааст таҳдид кард.Ба гузориши расонаи исроилии русизабони “Вести”, Катс дар паёме …

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба аъзои киштии озодии Madleen, ки барои шикастани муҳосираи Ғазза дил ба дарё задаанд, эълом кард, ки “ба Ғазза намерасед, пас баргардед!”

Исроил Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, корвони озодии Madleen-ро, ки ба қасди кӯмакрасонӣ ба самти обҳои Ғазза ба роҳ афтодааст таҳдид кард.

Ба гузориши расонаи исроилии русизабони “Вести”, Катс дар паёме хитоб ба хадамаи киштии Madleen гуфт: “Ман ба артиши Исроил дастури сареҳ додаам, то барои ҷилавгирӣ аз расидани корвони Madleen ба Ғазза, иқдом кунад.”

Вазири ҷанги Исроил дар идома хитоб ба Грета Тунберг, фаъоли муҳити зистӣ ва фаъоли сулҳ, ки яке аз ҳозирон дар ин киштӣ аст афзуд, ба Гретаи яҳудситез ва ҳамкоронаш, ба сароҳат мегӯям: “Бояд баргардед, чаро ки ҳаргиз ба Ғазза нахоҳед расид!”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *