Исроил бузургтарин киштии зериобии худро аз Олмон қабул кард

Исроил бузургтарин ва вазнинтарин киштии зериобиро, ки то кунун дар ҳайати нерӯҳои баҳрии ин кишвар ба хидмат гирифта шудааст, аз Олмон қабул кард. Ба гузориши хабаргузории «Тасним» ва ба нақл аз рӯзномаи «Passauer Neue Presse», Нерӯҳои баҳрии Исроил киштии зериобии муосири «INS Drakon»-ро аз Олмон қабул кардаанд. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, ин киштии зериобӣ ба …

Исроил бузургтарин ва вазнинтарин киштии зериобиро, ки то кунун дар ҳайати нерӯҳои баҳрии ин кишвар ба хидмат гирифта шудааст, аз Олмон қабул кард.

Ба гузориши хабаргузории «Тасним» ва ба нақл аз рӯзномаи «Passauer Neue Presse», Нерӯҳои баҳрии Исроил киштии зериобии муосири «INS Drakon»-ро аз Олмон қабул кардаанд.

Бар асоси гузоришҳои нашршуда, ин киштии зериобӣ ба бандари шаҳри Ҳайфа дар соҳили баҳри Миёназамин расидааст. Ин киштии зериобӣ, ки аз ҷониби ширкати киштисозии TKMS, воқеъ дар шаҳри Кили Олмон, сохта шудааст, шашумин ва охирин киштии зериобии синфи «Dolphin» мебошад.

Ин киштии зериобӣ бо дарозии беш аз 70 метр, бузургтарин киштии зериобии Нерӯҳои баҳрии Исроил ба ҳисоб меравад ва ба 10 найчаи партоби торпедо муҷаҳҳаз шудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

Шарҳҳо

  1. Dovud

    Reply
    September 28, 2026

    Киштии бисёр бақувват аст

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *