Карлсон: Мардум маҳз барои пешгирӣ аз ҷанг бо Эрон ба Трамп раъй доданд

Маҷрии саршиноси амрикоӣ дар мусоҳибае, ки имрӯз панҷшанбе мунташир шуд, аз Доналд Трамп ба далели роҳандозии ҷанг бо Эрон ба шиддат интиқод кард.Такер Карлсон, маҷрии собиқи Фокс Нюс ва аз чеҳраҳои таъсиргузори ҷараёни рости Амрико, дар мусоҳиба бо шабакаи Sky News бо интиқоди шадид аз сиёсатҳои Доналд Трамп дар қиболи Эрон гуфт, ки мардуми Амрико …

Маҷрии саршиноси амрикоӣ дар мусоҳибае, ки имрӯз панҷшанбе мунташир шуд, аз Доналд Трамп ба далели роҳандозии ҷанг бо Эрон ба шиддат интиқод кард.

Такер Карлсон, маҷрии собиқи Фокс Нюс ва аз чеҳраҳои таъсиргузори ҷараёни рости Амрико, дар мусоҳиба бо шабакаи Sky News бо интиқоди шадид аз сиёсатҳои Доналд Трамп дар қиболи Эрон гуфт, ки мардуми Амрико маҳз ба ин далел ба Трамп раъй доданд, ки аз ҷанг бо Эрон пешгирӣ кунад, аммо дар ниҳоят дақиқан ҳамон ҷангеро гирифтанд, ки ӯ ваъда дода буд ҳаргиз рух нахоҳад дод.

Карлсон, ки чанде пеш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба далели ҳимояти бечуну чарои ин ҳизб аз Исроил хориҷ шуда буд, дар ин мусоҳиба таъкид кард, ки ваъдаҳои интихоботии Трамп дар бораи поён додан ба ҷангҳои бепоёни Ховари Миёна нақз шудаанд.

Ӯ, ки пештар аз тарафдорони сарсахти Трамп буд, ёдоварӣ кард, ки Трамп дар замони таблиғоти интихоботӣ гуфта буд, ки раъй ба Байден ё Камола Ҳаррис ба маънои раъй ба ҷанг дар Ховари Миёна ва ҷангҳои бепоён аст.

Карлсон дар идома бо ишора ба ҷанги 3,5-моҳаи Амрико бо Эрон ва ҳазинаҳои гарони он, онро як «шикасти тамомайёр» барои сиёсати хориҷии Трамп тавсиф кард.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *