Катс таҳдид кард: агар як исроилӣ рабуда шавад, Ғазза холӣ ва як миллион фаластинӣ кӯчонида мешаванд

Вазири дифои Исроил Исроил Катс рӯзи сешанбе таҳдид кард, ки дар сурати рабуда шудани ҳатто як сарбоз ё сокини исроилӣ аз ҷониби Ҳаракати Ҳамос, шаҳри Ғазза холӣ карда шуда, сокинони он кӯчонида мешаванд. Катс ҳангоми иштирок дар маросими ёдбуди кушташудагони ҷанги 6 октябри соли 1973 гуфт: «Ман Ҳамос ва пуштибони он — аз Эрон то …

Вазири дифои Исроил Исроил Катс рӯзи сешанбе таҳдид кард, ки дар сурати рабуда шудани ҳатто як сарбоз ё сокини исроилӣ аз ҷониби Ҳаракати Ҳамос, шаҳри Ғазза холӣ карда шуда, сокинони он кӯчонида мешаванд.

Катс ҳангоми иштирок дар маросими ёдбуди кушташудагони ҷанги 6 октябри соли 1973 гуфт:

«Ман Ҳамос ва пуштибони он — аз Эрон то президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон —ро ҳушдор медиҳам, ки ба рабудани ягон сарбоз ё шаҳрванди Исроил даст назананд. Мо шаҳри Ғаззаро пурра холӣ хоҳем кард. Дар ин шаҳр тақрибан як миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва мо онҳоро ба ҷануб интиқол хоҳем дод, ҳамон тавре ки қаблан анҷом додем.»

Катс таъкид кард, ки раҳбарияти Исроил ба ҳар гуна кӯшиши рабудан бо чораҳои сахти ҷазоӣ посух хоҳад дод. Вай гуфт, ки посух танҳо ба муқовимати мустақим бо Ҳамос маҳдуд нахоҳад шуд, балки паёмҳои қатъӣ ба ҷонибҳои минтақавии пуштибони ин гурӯҳ низ ирсол хоҳанд шуд.

Вай иддао кард, ки сохтори низомии Исроил маълумоти иктишофӣ дарёфт кардааст, ки бар асоси он Ҳамос қасд дорад амалиёти нави рабуданро анҷом диҳад.

Вазири дифои Исроил таъкид кард, ки артиши Исроил то замоне ки Ҳамос нобуд карда нашавад, Ғазза аз силоҳ холӣ нашавад ва нақбҳо тахриб нашаванд, аз «хати зард» дар Ғазза ба хатҳои нави ҷойгиршавӣ дар дохили Навори Ғазза ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Як ҳафта пеш Катс ба эҳтимоли аз сар гирифтани ҷанг дар Навори Ғазза таҳдид карда, бори дигар ба кӯчонидани фаластиниҳо аз ин минтақа даъват карда буд. Ӯ масъалаи «муҳоҷират»-ро яке аз масъалаҳои асосӣ дар муайян кардани ояндаи Навори Ғазза дониста буд.

Изҳороти Катс дар ҳоле садо медиҳад, ки пеш аз интихоботи Исроил, ки қарор аст 27 октябр баргузор шавад, маъракаи интихоботии шадиде идома дорад. Дар ин миён мубориза барои ба даст овардани раъйҳои ҷиноҳи ростгаро идома дошта, назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳанд, ки ба даст овардани аксарияти зарурӣ барои ташкили ҳукумат аз ҷониби ҷиноҳи сарвазир Бенямин Нетаняҳу душвор аст.

Исроил нақшаҳои кӯчонидани фаластиниҳо аз Навори Ғаззаро «муҳоҷирати ихтиёрӣ» меномад, дар ҳоле ки даъватҳо барои кӯчонидани сокинони ин минтақа бо мухолифати густурдаи Фаластин, кишварҳои арабӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ рӯбарӯ шудаанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп қаблан идеяи интиқоли фаластиниҳо аз Навори Ғазза ба кишварҳои дигарро пешниҳод карда буд. Баъдан маъмурияти ӯ аз пешбурди ошкори ин нақша ақибнишинӣ кард ва мақомоти амрикоӣ мавҷудияти нақшаи маҷбур кардани сокинони ин минтақа ба тарки он ҷо инкор карданд.

Аз оғози ҷанги Исроил алайҳи Навори Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, Исроил беш аз 73 ҳазор фаластиниро кушта ва зиёда аз 174 ҳазор нафарро маҷрӯҳ кардааст. Ҳамчунин тақрибан 90 дарсади зерсохтори ин минтақа тахриб шудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *