Ба нақл аз Хабаргузории Форс; Вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ рӯзи душанбе дар дидор бо Президенти Русия гуфт, ки Пхенян аз равиши Маскав дар ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзии худ пуштибонӣ мекунад.
«Чхве Сон Ҳуй», вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ, ки ба Маскав сафар кардааст, имрӯз (душанбе) бо «Владимир Путин», Президенти Федератсияи Русия, дидор ва гуфтугӯ кард.
Чхве пас аз дидор бо Путин ба хабарнигорон гуфт: «Дидори ман бо Президенти Путин нишондиҳандаи иродаи муштараки ду кишвар барои рушди равобит мебошад.»
Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», ӯ дар идома тавзеҳ дод: «Пхенян аз сиёсати Русия дар ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзии худ пуштибонӣ мекунад.»
Ин дипломати Кореяи Шимолӣ афзуд: «Пхенян амалиёти вижаи низомиро муборизае барои дифоъ аз ҳокимият ва тамомияти арзии Русия медонад.»
Аз сӯи дигар, «Сергей Лавров», вазири корҳои хориҷии Русия, низ дар дидор бо Чхве изҳор дошт: «Қарорҳои нишасти Пхенян миёни раҳбарони ду кишвар ба таври пайваста иҷро мешаванд.»
Лавров дар ин бора гуфт: «Путин ва Ким Чен Ин [раҳбари Кореяи Шимолӣ] гуфтугӯҳоро бар пояи эътимоди мутақобил идома медиҳанд. Вазифаи мо баррасии роҳҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои мост.»
Бино ба ин гузориш, ӯ ҳамчунин афзуд: «Мардуми Русия ҳаргиз қаҳрамонии сарбозони Кореяи Шимолиро дар минтақаи Курск фаромӯш нахоҳанд кард.»