МАҚОМИ АМРИКОӢ: ВОШИНГТОН БАРОИ ИДОМАИ ҶАНГ БО ЭРОН МОШАКИ КОФӢ НАДОРАД

Ба нақл аз Хабаргузории Форс; рӯзномаи бритониёии The Daily Telegraph бо истинод ба як мақоми огоҳ аз баҳсҳои дохилии давлати Доналд Трамп гузориш дод, ки Иёлоти Муттаҳида барои идомаи ҷанги ҳамаҷониба бо Эрон захираи кофии мушак надорад.Тибқи ин гузориш, дар ҳоле ки Доналд Трамп имконоти оғози як ҷанги густардатар алайҳи Теҳронро баррасӣ мекунад ва ҳамзамон …

Ба нақл аз Хабаргузории Форс; рӯзномаи бритониёии The Daily Telegraph бо истинод ба як мақоми огоҳ аз баҳсҳои дохилии давлати Доналд Трамп гузориш дод, ки Иёлоти Муттаҳида барои идомаи ҷанги ҳамаҷониба бо Эрон захираи кофии мушак надорад.

Тибқи ин гузориш, дар ҳоле ки Доналд Трамп имконоти оғози як ҷанги густардатар алайҳи Теҳронро баррасӣ мекунад ва ҳамзамон бархе гузоришҳо аз интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии бештари Амрико ба Ховари Миёна хабар медиҳанд, Вашингтон барои идомаи чунин даргирӣ бо камбуди мушак рӯбарӯст.

Ба гуфтаи ин манбаи амрикоӣ, ҳар гуна амалиёти низомӣ бинобар коҳиши захираҳои мушакҳои дифои ҳавоӣ ва муҳимоти дурпарвоз маҳдуд хоҳад буд.

Ин мақом ба The Daily Telegraph гуфтааст:

«Мо барои идомаи амалиёт ба таври бехатар мушаки кофӣ надорем ва фикр намекунам Кохи Сафед аз ин масъала огоҳ бошад.»

Ба навиштаи ин рӯзномаи бритониёӣ, Иёлоти Муттаҳида шаби нуҳуми пайдарпай ҳамлаҳои худро ба Эрон густариш дод ва як қадам дигар ба ҷанги ҳамаҷониба дар минтақа наздик шуд. Ҳамзамон, Эрон ҳамлаҳои худро дар саросари минтақа идома дод. Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард, ки ҳадафҳоеро дар Баҳрайн, Урдун ва Сурия мавриди ҳамла қарор додааст. Баҳрайн низ иддао кард, ки Эрон низомҳои раҳнамоии ҳавоии ин кишварро ҳадаф гирифтааст.

Аз ҷониби дигар, раисиҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён изҳор дошт, ки Теҳрон бори дигар вориди «ҷанги ҳамаҷониба» бо Амрико шудааст ва Вашингтон бояд паёмадҳои ин даргириро бипазирад.

Ҳушдорҳо дар бораи идомаи ҷанги Амрико бо Эрон дар ҳоле дар расонаҳои амрикоӣ ва бритониёӣ бештар мешавад, ки Доналд Трамп борҳо таъкид кардааст дар посух ба кушта шудани се низомии амрикоӣ, ҳамлаҳои шадид алайҳи Эрон анҷом хоҳад дод.

Тибқи гузориши The Daily Telegraph, дар дохили Амрико низ норозигӣ аз тарзи идоракунии ҷанг аз ҷониби Трамп рӯ ба афзоиш аст.

Бар асоси охирин назарсанҷиҳо, сатҳи маҳбубияти Доналд Трамп ҳамоно дар 37 дарсад боқӣ мондааст ва аксари шаҳрвандони Амрико бар ин боваранд, ки қимати сӯзишворӣ дар ояндаи наздик ба ҳолати пешин барнамегардад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *