Ҳолати изтирорӣ барои ҳавопаймои сӯзишворирсони амрикоӣ дар болои Халиҷи Форс эълон шуд

Ба нақл аз Хабаргузории Форс, тибқи гузоришҳо, як ҳавопаймои сӯзишворирсони амрикоӣ, ки аз пойгоҳи ҳавоии Аз-Зафра дар Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекард, ҳангоми парвоз бар фарози Халиҷи Форс рамзи изтирории 7700-ро ирсол кардааст.Рамзи 7700 яке аз рамзҳои байналмилалии авиатсионӣ барои эълони ҳолати умумии изтирорӣ мебошад. Аз ин рамз ҳангоми рӯ ба рӯ шудани ҳавопаймо бо …

Ба нақл аз Хабаргузории Форс, тибқи гузоришҳо, як ҳавопаймои сӯзишворирсони амрикоӣ, ки аз пойгоҳи ҳавоии Аз-Зафра дар Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекард, ҳангоми парвоз бар фарози Халиҷи Форс рамзи изтирории 7700-ро ирсол кардааст.

Рамзи 7700 яке аз рамзҳои байналмилалии авиатсионӣ барои эълони ҳолати умумии изтирорӣ мебошад. Аз ин рамз ҳангоми рӯ ба рӯ шудани ҳавопаймо бо вазъияти фавқулода истифода мешавад, то таваҷҷуҳ ва кумаки фаврии нозирони ҳаракати ҳавоӣ ҷалб гардад.

Чанд рӯз пеш низ бархе гузоришҳои тасдиқнашуда иддао карда буданд, ки як ҷангандаи F-35A-и Амрико ҳангоми парвоз бар фарози Амороти Муттаҳидаи Араб рамзи изтирории 7700-ро фаъол кардааст. Бар асоси ҳамон гузоришҳо, ҳавопаймо баъдан дар пойгоҳи ҳавоии Аз-Зафра дар Абӯзабӣ ба замин нишастааст.

Рамзи 7700 яке аз се рамзи стандартии байналмилалии изтирорӣ дар авиатсия мебошад, ки дар дастгоҳи транспондер (Squawk) танзим мешавад. Ҳангоми фаъол шудани ин рамз, дар саҳифаи радарии нозирони ҳаракати ҳавоӣ огоҳии фаврии визуалӣ ва садоӣ пайдо мешавад, то онҳо дарёбанд, ки ҳавопаймо бо вазъияти ҷиддии изтирорӣ рӯбарӯ шудааст ва ба кӯмаки фаврӣ ниёз дорад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *