Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Аз раисиҷумҳури мӯҳтарам ва давлати хидматгузор ҳимоят кунем” // “Давлат бори сангинеро бар дӯш дорад ва дар ҳоли анҷоми корҳои муҳимме аст”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум, аз ҷумла бо таъкид бар аҳаммияти ҳимоят аз давлат гуфт: “Боистӣ аз раисиҷумҳури мӯҳтарам ва давлати хидматгузор ҳимоят кунем. Корҳои хуберо шурӯъ карданд; баъзе аз корҳои шаҳид Раисӣ, ки шурӯъ шуда ва нимакора монда буд, идома …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум, аз ҷумла бо таъкид бар аҳаммияти ҳимоят аз давлат гуфт: “Боистӣ аз раисиҷумҳури мӯҳтарам ва давлати хидматгузор ҳимоят кунем. Корҳои хуберо шурӯъ карданд; баъзе аз корҳои шаҳид Раисӣ, ки шурӯъ шуда ва нимакора монда буд, идома додаанд. Иншоаллоҳ натоиҷи ин корҳоро мардум баъдҳо хоҳанд дид ва ин корҳо дар ҳоли анҷом аст.”

Вай, бо ишора ба душвориҳои идораи кишвар афзуд: “Боистӣ аз давлат ҳимоят кард. Давлат бори сангине бар дӯш дорад; идораи кишвар кори осоне нест, кори сахте аст ва ин бар ӯҳдаи давлат аст.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *