Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум дар суханоне, аз ҷумла ба абъоди мухталифи “ҷанги 12-рӯза” ишора карда ва гуфт: “Дар ҷанги 12-рӯза, миллати Эрони ҳам Омрикоро шикаст дод, ҳам саҳюнистҳоро шикаст дод; бидуни тардид. Омаданд шарорат карданд, кутак хӯрданд ва дасти холӣ баргаштанд. Ин шикаст ба маънои воқеии калима ин аст. Бале, шарорат карданд, аммо дасти холӣ баргаштанд, яъне ба ҳеч кадом аз ҳадафҳои худашон нарасиданд.”
Вай, бо ишора ба собиқаи тӯлонии барномарезии душман барои ин ошӯбҳо афзуд: “Бино ба қавле, режими саҳюнистӣ 20 сол барои ин ҷанг барномарезӣ ва омодасозӣ карда буд. Баъзе ин ҷур нақл карданд; 20 сол барномарезӣ барои ин ки як ҷанге дар Эрон рух бидиҳад ва мардум таҳрик бишаванд ва бо онҳо ҳамроҳӣ кунанд, бо низом биҷанганд. Барои ин барномарезӣ шуда буд. Дасти холӣ баргаштанд, қазия баръакс шуд ва ноком шуданд ва ҳатто касоне, ки бо низом зовия ҳам доштанд, дар канори низом қарор гирифтанд. Як иттиҳоди умумӣ дар кишвар ба вуҷуд омад, ки бояд инро қадр донист ва нигаҳ дошт.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба хасоратҳо ва аз худ гузаштагии суратгирифта, хотирнишон кард: “Бале, мо хасоратҳое дидем, ҷонҳои азизе аз дасти мо рафтанд; тардиде дар ин нест. Хуб ин табиати ҷанг аст;
فَیَقتُلونَ وَیُقتَلونَ
Дар табиати ҷанг ҳамин ҳаст.”
Вай дар идома ба қудратнамоии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин набард ишора карда ва гуфт: “Лекин Ҷумҳурии Исломӣ нишон дод, ки конуни ирода ва қудрат аст; метавонад тасмим бигирад, метавонад қудратмандона биистад ва аз ҳаёҳуи ину он воҳима накунад.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон ҳамчунин тасреҳ кард: “Хасоратҳои моддие, ки бар душман ворид шуд, бисёр бештар буд аз хасоратҳои моддие, ки бар кишвари мо ворид шуд. Мо ҳам албата хасорат дидем, аммо ӯ, ки ҳамларо шурӯъ кард, бештар хасорат дид аз мо.”