Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Омрико бо ҳамаи таҷҳизоти модерни худ, дар ҷанги 12 рӯза шикаст хӯрд”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум дар бахше аз суханони худ, бо ишора ба абъоди байналмилалии “ҷанги 12-рӯза” гуфт: “Дар ин ҷанги 12-рӯза Омрико ба шиддат зарар кард, ба шиддат зарар кард. Охирин таслеҳот ва пешрафтатарин таслеҳотро дар офанду падофанд ба кор …

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум дар бахше аз суханони худ, бо ишора ба абъоди байналмилалии “ҷанги 12-рӯза” гуфт: “Дар ин ҷанги 12-рӯза Омрико ба шиддат зарар кард, ба шиддат зарар кард. Охирин таслеҳот ва пешрафтатарин таслеҳотро дар офанду падофанд ба кор бурд; аз зердарёиҳояш истифода кард, аз ҳавопаймоҳои ҷангандааш истифода кард, аз пешрафтатарин падофандаш истифода кард, аммо натавонист ба он чи ки мехоҳад бирасад.”

Вай, бо табйини аҳдофи нокоммондаи Вашингтон афзуд: “Ӯ мехости миллати Эронро фиреб бидиҳад, миллати Эронро ба дунболи худаш бикашад, аммо қазия баръакс шуд. Ҳамин тавр ки гуфтам, миллати Эрон иттиҳодашон дар муқобили Омрико бештар шуд ва тавонистанд ба маънои воқеии калима тарафро ноком кунанд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба паёмадҳои дахолатҳои Омрико гуфт: “Омрико ҳар ҷо, ки дахолат карда ё ҷангафрӯзӣ аст, ё наслкушӣ, ё вайронӣ ва оворагӣ. Инҳо натоиҷи вуруди Омрикост. Ҷанги пурхасорати Укройнро Омрико ба роҳ андохт ва ба натиҷа ҳам нарасид; ин раиси кунунии Омрико мегуфт, ки серӯза ҳал хоҳад кард қазияро, алъон ҳудуди як сол, як тарҳи 28 моддаиро ба зӯр бар он кишваре, ки худаш онро вориди ҷанг карда, таҳмил мекунад.”

Вай дар идома ба иқдомоти режими саҳюнистӣ ва нақши пуштигармии Омрико ишора кард: “Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон, таҷовуз ба Сурия ва ҷиноёташ дар карона ва Ғазза, ки ҳамаи дунё шоҳиди вазъи Ғазза ҳастанд, ҳамаи инҳо бо пуштигармии Омрикост. Омрико дар ин замина ба маънои воқеии калимаи зарар кард ва манфур воқеъ шуд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон ҳамчунин бо баёни вазъияти ҷаҳонии танаффур аз саҳюнистҳо афзуд: “Имрӯз манфуртарин инсонҳои дунё, раиси давлати саҳюнист аст; ин манфуртарин инсони дунёи имрӯз аст ва манфуртарин созмон ва бонди ҳоким дар дунё, режими саҳюнист аст. Омрико ҳам дар ин ҷиҳат дар канори ӯст ва аз манфурияти ӯ ба Омрико ҳам ҳатман сироят карда.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *