Вай бо таҷлил аз суъуди навҷавонони хушистеъдоди Эрон ба қуллаҳои илмии ҷаҳон, гуфт: “Ин корҳои шумо ба ҳисоби миллати Эрон гузошта мешавад ва чашмҳоро мутаваҷҷеҳи Эрон мекунад.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон, эҳтиром ба парчам ва дуои варзишкорони пирӯзро намоди миллати Эрон хонд ва афзуд: “Ҷавонони азизи олимпиадӣ низ алъон як ситораи дурахшонанд, аммо даҳ соли баъд, ба шарти идомаи талош, як хуршеди дурахшон мешаванд, ки вазифаи масъулон дар ин замина муҳим аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, нақшофаринии ҷавононро баъд аз пирӯзии инқилоб, ҷараёне мустамар баршумурд ва гуфт: “Дар ҷанги таҳмилии 8-сола, насли ҷавон буд, ки бо камбудҳои фаровон ва дасти холӣ чунон ибтикороти низомӣ ба харҷ дод, ки Эрон дар муқобили душмани бисёр муҷаҳҳазе, ки аз ҳар тараф таъйид ва ҳимоят мешуд, ба пирӯзӣ расид.”
Вай, майдони набарди донишро аз дигар арсаҳои намоёни ифтихорофаринии ҷавонони кишвар донист ва бо ишора ба ҳузури Эрон дар даҳ рутбаи аввали таҳқиқотӣ ва илмии ҷаҳон дар риштаҳои мухталиф аз ҷумла дар нано, лейзер, ҳастаӣ, санойеъи гуногуни низомӣ ва пешрафтҳои пизишкӣ, гуфт: “Ҳамин чанд рӯз қабл, хабари бисёр муҳимме шунидам мабнӣ бар ин ки яке аз марокизи таҳқиқотии кишвар муваффақ ба ёфтани роҳи дармон барои як бемории лоилоҷ шудааст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии фаъолияти душман барои ҷилавгирӣ аз пешрафтҳои илмии мухталифи Эрон гуфт: “Бадхоҳони миллати Эрон ҳамчунин саъй мекунанд, бо инкор ё напардохтан ба бархе муваффақиятҳо, дарҳам кардани росту дурӯғ, бузургнамоии бархе эродот ва таблиғоти ҷиҳатдор, фазои Эронро торику гирифта нишон диҳанд, аммо шумо бо истодан бар қуллаҳои варзишу илм, фазои равшани кишварро ба ҳама нишон додед.”
Вай, аз даст додани бовар ба тавоноиҳоро яке дигар аз равишҳои душман барои ноумед кардани миллат ва насли ҷавон хонд ва таъкид кард: “Дар нуқтаи муқобили ин фаъолиятҳо, ҷавонон бо такя бар нерӯи лоязоли ҷавонӣ, саъйу талоши худро барои муваффақият, умедофаринӣ ва таҷаллии иқтидори миллат афзоиш диҳанд.”