Ба нақл аз Хабаргузории Форс; хабаргузории Reuters ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки артиши Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни ҷанги панҷмоҳа бо Эрон қариб тамоми мушакҳои дурпарвоз ва дақиқзанандаи худро масраф кардааст. Ин масъала нигарониҳоро дар бораи омодагии низомии Амрико барои рӯёрӯиҳои эҳтимолии оянда афзоиш додааст.
Ба гуфтаи се манбаи огоҳ, Амрико бахши аъзами захираҳои мушакҳои дақиқи замин ба замини худ, аз ҷумла мушакҳои тактикии ATACMS ва мушакҳои зарбатии дақиқи PrSM-ро истифода кардааст. Ду нафар аз ин манобеъ гуфтаанд, ки Амрико «қариб ҳамаи» ин таслиҳотро масраф кардааст.
Тибқи гузориши Reuters, мизони коҳиши захираҳои мушакҳои ATACMS ва PrSM то кунун расонаӣ нашуда буд. Ин муҳимоти дурпарвоз бахши муҳими зарродхонаи низомии Амрикоро ташкил медиҳанд ва имкони анҷоми ҳамлаҳои дақиқ аз масофаи амнро фароҳам месозанд.
Коршиносон мегӯянд, чунин таслиҳот, ки арзиши ҳар кадоми онҳо беш аз як миллион доллар аст, дар ҳар гуна рӯёрӯӣ бо Чин низ аҳаммияти ҳаётӣ хоҳанд дошт. Манобеъ аз ифшои шумораи дақиқи муҳимоти боқимонда худдорӣ карданд.
Бар асоси ин гузориш, Доналд Трамп моҳи феврал ҳамроҳ бо Исроил ҷанг алайҳи Эронро оғоз кард ва гумон дошт, ки ин даргирӣ кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Аммо бо тӯлонӣ шудани ҷанг, се манбаи огоҳ изҳори нигаронӣ карданд, ки коҳиши захираҳои мушакии Амрико метавонад тавоноии боздорандагии ин кишварро дар муқобили рақибоне чун Русия ва Чин маҳдуд кунад.
Бо вуҷуди ин, манбаи чаҳорум иддао кардааст, ки CENTCOM, ҳарчанд ҳамаи мушакҳои заминипояи худро истифода бурдааст, тавонистааст аз захираҳои низомии Амрико дар дигар минтақаҳои ҷаҳон захираҳои худро дубора пур кунад.
Кохи Сафед дар посух ба дархости Reuters барои изҳори назар дар бораи захираҳои таслиҳотӣ, изҳороти Доналд Трампро мунташир кард, ки дар он омадааст Амрико «нисбат ба ҳар кишвари дигари ҷаҳон муҳимоти бештар» ва «беш аз ниёзи худ» дар ихтиёр дорад.
Трамп қаблан низ иддао карда буд, ки ширкатҳои дифоии Амрико ҳоло назар ба ҳар вақти дигар муҳимоти бештар истеҳсол мекунанд ва ҳамзамон корхонаҳо ва таҷҳизоти худро дар сатҳи бесобиқа густариш медиҳанд.
Ширкати Lockheed Martin, ки мушакҳои ATACMS, PrSM ва низоми зиддимушакии THAAD-ро истеҳсол мекунад, инчунин ширкати Raytheon, созандаи мушакҳои Tomahawk ва мушакҳои раҳгири Patriot, дар бораи ин гузориш ё сатҳи захираҳои таслиҳотӣ изҳори назар накарданд.
Бо вуҷуди ин, Пентагон дар посух ба Reuters аҳаммияти ин гузоришро камранг нишон дода, иддао кард, ки «артиши Амрико пуриқтидортарин нерӯи низомии ҷаҳон аст ва ҳамаи имконоти лозим барои анҷоми ҳар амалиётеро, ки президент дар ҳар замон ва макон бихоҳад, дар ихтиёр дорад.»
Ҳушдорҳо дар бораи коҳиши захираҳои таслиҳотӣ
Ду нафар аз манобеи огоҳ ба Reuters гуфтаанд, ки фармондеҳони низомӣ ҳафтаҳост ба президенти Амрико дар бораи коҳиши захираҳои таслиҳоти дифоӣ, аз ҷумла мушакҳои раҳгири Patriot, ки барои муқобила бо мушакҳои баллистикӣ истифода мешаванд, ҳушдор медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта чандин расона гузориш доданд, ки Трамп аз оғози як ҳамлаи густурдаи дигар алайҳи Эрон худдорӣ кардааст ва яке аз сабабҳои ин тасмим, ҳушдори мушовирони низомии ӯ дар бораи коҳиши захираҳои таслиҳотии Амрико будааст.
Ҳафтаи гузашта Маркази омӯзишҳои стратегии байналмилалӣ (CSIS) дар гузорише тахмин зад, ки аз моҳи феврал то июл тақрибан 65 дарсад аз мушакҳои раҳгири Patriot масраф шудаанд ва шумораи мушакҳои зиддимушакии THAAD дар захираҳои Амрико ҳадди ақал 38 дарсад нисбат ба оғози ҷанг коҳиш ёфтааст.
Яке аз ин манобеъ ҳамчунин гуфт, ки Амрико аз оғози ҷанг то кунун каме камтар аз нисфи захираҳои ҷаҳонии мушакҳои болдори Tomahawk-и худро, ки одатан аз киштиҳо партоб мешаванд, истифода кардааст.