Ба нақл аз Хабаргузории Форс; сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълон кард, ки Санъо бо як мушаки баллистикӣ нафткаши саудии Daisy-ро дар халиҷи Адан ҳадаф қарор додааст.
Сартип Сареъ афзуд, ки ин мушак мустақиман ба нафткаши саудӣ бархӯрда, онро маҷбур ба бозгашт кардааст.
Ӯ таъкид кард, ки ин ҳамла дар чаҳорчӯби иҷрои мамнуияти киштиронӣ алайҳи душмани саудӣ ва бар асоси усули «муҳосира дар баробари муҳосира» анҷом шудааст.
Сартип Сареъ изҳор дошт, ки неруҳои мусаллаҳи Яман тамоми таҳаррукоти нафткашҳои саудиро бо дақиқ назорат мекунанд ва то замоне ки хостаҳои қонунии мардуми Яман иҷро ва муҳосира поён дода нашавад, ба ҳеҷ киштии саудӣ иҷозаи убур аз ҷануб ё шимоли баҳри Сурх дода нахоҳад шуд.
Созмони амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё (UKMTO) чанд соат пеш эълон кард, ки гузорише дар бораи рух додани ҳодиса барои як киштӣ дар масофаи 95 мили баҳрӣ дар ҷанубу шарқи шаҳри Адан дарёфт кардааст.