Такер Карлсон: “Дар ҷанги 12-рӯза бо Эрон, афсарони исроилӣ ба Пентогун дастур медоданд””

Таҳлилгар ва рӯзноманигори барҷастаи омрикоӣ фош кард, дар тӯли ҷанги 12-рӯзаи Исроил ва Иёлоти Муттаҳида бо Эрон, афсарони исроилӣ дар Пентогун ҳузур доштанд ва бо дахолат дар корҳо ва дастур доданҳои пушти сари ҳам, коркунони Пентогунро хашмгин мекарданд.Такер Карлсон, таҳлилгар ва рӯзноманигори барҷастаи омрикоӣ, дар барномаи худ, ки мизбони Ҷеффри Сакс, иқтисоддони омрикоӣ ва устоди …

Таҳлилгар ва рӯзноманигори барҷастаи омрикоӣ фош кард, дар тӯли ҷанги 12-рӯзаи Исроил ва Иёлоти Муттаҳида бо Эрон, афсарони исроилӣ дар Пентогун ҳузур доштанд ва бо дахолат дар корҳо ва дастур доданҳои пушти сари ҳам, коркунони Пентогунро хашмгин мекарданд.

Такер Карлсон, таҳлилгар ва рӯзноманигори барҷастаи омрикоӣ, дар барномаи худ, ки мизбони Ҷеффри Сакс, иқтисоддони омрикоӣ ва устоди донишгоҳ буд, бо интиқод аз нуфузи исроилиҳо дар давлати Иёлоти Муттаҳида ва ин ки ҳар интиқоде аз ин вазъият ба унвони талошҳои зидди яҳуд талаққӣ мешавад, ба ҳузури афсарони исроилӣ дар Пентогун ишора кард ва гуфт: “Ба унвони мисол, ҳамонанди он чи бо Эрон дар тӯли ҷанги 12-рӯза рух дод, Иёлоти Муттаҳида ва Исроил дар тӯли он даргирии кӯтоҳ, аз ҳама тараф, Эронро бомбборон карданд, афсарони артиши Исроил дар Пентогун ҳузур доштанд ва афсарони низомии хориҷӣ дар Пентогун буданд. Ба илова, онҳо танҳо афсарони низомии хориҷӣ дар Пентогун нестанд, возеҳ аст, ки афсарони НАТО ҳам ҳастанд.”

Вай идома дод: “Он замон, ки теъдоде аз афсарони артиши Исроил дар Пентогун ҳузур доштанд, дар тӯли он давра, аз ҳар касе, ки дар Пентогун кор мекунад бипурсед, онҳо бо вуруди бемуҳобо ба ҷаласот, додани дастур, тарҳи дархостҳо ва ин ки ҳеч кас коре дар мавриди онҳо анҷом надод, коркунони омрикоии Пентогунро асабонӣ карданд.”

Карлсон сипас ин суолро матраҳ кард, ки чӣ тавр мумкин аст, як афсари низомии хориҷӣ, ҳатто агар даъват шуда бошад, бемуҳобо вориди мақаррҳои низомӣ шавад, бемуҳобо вориди ҷаласае шавад ва шурӯъ ба мутолиба кунад, ки “мо инро мехоҳем, мо онро мехоҳем, шумо бояд ба ин бипардозед.” Чӣ тавр мумкин аст?”

Ӯ таъкид кард: “Ҳар чи бештар ба ин навъ рафтори амиқан носолим иҷоза диҳед иттифоқ биафтад, бештар гирифтор хоҳед шуд.”

Таҳлилгари омрикоӣ тасреҳ кард: “Ва ин, дақиқан ҳамон чизе аст, ки иттифоқ афтодааст. Ба далели заъфи раҳбаронамон, мо як қудрати хориҷиро таҳрик кардаем, то аз мо суистфода кунанд.”

Ӯ таъкид кард: “Ин як тақозост, ки афроде, ки шуғлашон дифоъ ва намояндагӣ аз мост, раҳбарони мо чӣ дар Пентогун ва чӣ дар саросари давлати Иёлоти Муттаҳида бояд ин корро анҷом диҳанд, ин ки дар баробари ҳамаи таҳдидоти билқувва, дар баробари ҳамаи кишварҳо ва нерӯҳои хориҷӣ то ҷойе, ки лозим аст, биистанд ва аз мо дифоъ кунанд ва дар муқобили як қудрати хориҷӣ сари таъзим фуруд нёваранд.”

Такер Карлсон дар идома гуфт: “Ин хеле содда аст. Чаро бояд як давлат, махсусан як давлати қавӣ, вуҷуд дошта бошад, ки аз як нерӯи заифтари дигар дастур мегирад? Ва ин вазъият мавҷуд аст, ки муддатҳост низ идома дорад.”

Ҷеффри Сакс низ дар ин барнома гуфт, ки “Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил дар талош аст, то Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг бо Эрон бикашад ва ин қасди ӯ тақрибан 30 сол аст, ки идома дорад.”

Сакс таъкид кард, ки Натонёҳу ахиран низ Вошингтунро ба ҷанги бо Эрон кашонд ва мехоҳад дубора ин корро анҷом диҳад.

Ин устоди донишгоҳ бо баёни ин ки авзоъро “бисёр хатарнок” медонад, гуфт: “Ин, бахше аз сиёсати Натонёҳу аст, ки Иёлоти Муттаҳидаро даргири ҷангҳои мудовим кунад.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *