Нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо судури баёнияе аз ҳамлаи мушакии имрӯз (якшанбе) ба фурудгоҳи Бен-Гурён бо истифода аз мушаки болистики фаросавт хабар дод.
Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: “Нерӯи мушакии Яман бо мушаки болистики фаросавт ба фурудгоҳи Бен-Гурён ҳамла кард.”
Бар асоси ин баёния, бо ин ҳамла мушаке, ки бо муваффақият ба ҳадаф исобат кардааст, миллионҳо саҳюнист ба паноҳгоҳ ҳҷум бурда ва фаъолияти ин фурудгоҳ мутаваққиф шуд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи мо идомаи мамнӯъияти тараддуди ҳавоӣ ба ва аз фурудгоҳи Аллид (Бен-Гурён)-ро эълон мекунад.
Вай афзуд: “Ҳамкории аксари ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бо тарҳи мамнӯъияти парвоз ба мақсади фурудгоҳи Аллид, фаъолияти ин фурудгоҳро ба таври чашмгире мухтал кардааст.”
Дар ин баёния тасреҳ шудааст, қатли оммҳои рӯзона дар Ғазза, Яманро то таваққуфи комили ин ҳамалот ва поёни муҳосира, ба самти талошҳои бештар ва ташдиди амалиёти низомӣ савқ медиҳад.