Фаврӣ // Роҳпаймоии байналмилалӣ аз 32 кишвар ба сӯйи Ғазза

Ҳазорон нафар аз 32 кишвари ҷаҳон, дар як роҳпаймоии бесобиқа то рӯзи панҷшанбе худро ба Қоҳира мерасонанд ва сипас ба сӯйи гузаргоҳи Рафаҳ ҳаракат мекунанд, то зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза, муҳосираи золимона алайҳи онҳоро бишкананд.Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, ҳазорон нафар аз 32 кишвари ҷаҳон дар ин роҳпаймоӣ ширкат доранд ва қарор аст аз …

Ҳазорон нафар аз 32 кишвари ҷаҳон, дар як роҳпаймоии бесобиқа то рӯзи панҷшанбе худро ба Қоҳира мерасонанд ва сипас ба сӯйи гузаргоҳи Рафаҳ ҳаракат мекунанд, то зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза, муҳосираи золимона алайҳи онҳоро бишкананд.

Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, ҳазорон нафар аз 32 кишвари ҷаҳон дар ин роҳпаймоӣ ширкат доранд ва қарор аст аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Миср, ба Ғазза бирасанд, то кӯмакҳои инсониро ворид кунанд ва ҳимояти худро аз мардуми Фаластин иброз намоянд.

Тибқи барнома, қарор аст корвонҳои ширкаткунанда дар ин роҳпаймоӣ то рӯз панҷшанбе дар Қоҳира гирди ҳам оянд, сипас ба самти шаҳри Ариш дар шимоли шарқии Миср ҳаракат кунанд ва аз он ҷо масири худро пиёда ба сӯйи гузаргоҳи марзии Рафаҳ идома диҳанд.

Эътилофи баргузоркунандаи ин роҳпаймоӣ, ки бо номи “Роҳпаймоии ҷаҳонӣ ба сӯйи Ғазза” чанд ҳафта пеш корзори рафъи муҳосираи Ғазза бо роҳпаймоӣ ба сӯйи гузаргоҳи Рафаҳро оғоз кард, эълом карда, ки намояндагоне аз кишварҳои урупоӣ, омрикои шимолӣ ва ҷанубӣ ва ҳамчунин кишварҳои арабӣ ва осиёӣ дар ин корзор ҳузур доранд, ки нишондиҳандаи афзоиши ҳимояти байналмилалӣ аз масъалаи Фаластин аст.

“Корвони пойдор”-и Алҷазоир пешопеши соири корвонҳои ширкаткунанда дар ин роҳпаймоӣ ҳаракат карда ва рӯзи якшанбе аз пойтахти Алҷазоир ба самти Тунис роҳ афтод, то ба корвони тунисӣ бипайвандад ва сипас аз тариқи Либӣ ва Миср ба гузаргоҳи Рафаҳ бирасад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *