Фаврӣ // Яман тайи 24 соат 3 бор Бен-Гурёнро ҳадаф қарор дод

ухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки “тайи 24 соати гузашта барои 3-умин бор фурудгоҳи Аллид (Бен-Гурён)-ро бо мушаки мофавқи савт ҳадаф қарор додем.”Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (чаҳоршанбе) тайи баёнияе, аз ҳамлаи мушакии ҷадид ба фурудгоҳи Бен-Гурён хабар дод ва эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз бо як мушаки мофавқи …

ухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки “тайи 24 соати гузашта барои 3-умин бор фурудгоҳи Аллид (Бен-Гурён)-ро бо мушаки мофавқи савт ҳадаф қарор додем.”

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (чаҳоршанбе) тайи баёнияе, аз ҳамлаи мушакии ҷадид ба фурудгоҳи Бен-Гурён хабар дод ва эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз бо як мушаки мофавқи савт барои севвумин бор тайи 24 соати ахир, ин фурудгоҳро ҳадаф қарор додааст.

Вай афзуд: “Дар ростои ёрӣ расондан ба мардуми мазлум ва муҷоҳидони фаластинӣ ва дар мухолифат бо ҷинояти наслкушӣ, ки душмани саҳюнисти дар ҳаққи бародарони мо дар навори Ғазза муртакиб мешавад, ягони мушакӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Яман як амалиёти низомии вежаро анҷом дод, ки ҳадафи он фурудгоҳи Аллид (ки исроилиҳо онро фурудгоҳи Бен-Гурён меноманд) дар минтақаи Ёфои ишғолӣ буд. Ин амалиёт бо як мушаки болистики мофавқи савт анҷом шуд.”

Сартип Сареъ дар идома тасреҳ кард, ки “ба лутфи Худо, ин мушак бо муваффақият ба ҳадафи худ расид ва миллионҳо саҳюнисти ишғолгарро ба фирор ба самти паноҳгоҳҳо ва таваққуфи ҳудуди яксоатаи парвозҳо дар фурудгоҳ водор кард. Ин севвумин мушак дар камтар аз 24 соати ахир аст, ки ба сӯйи ин фурудгоҳ шиллик шуд.”

Вай афзуд, ки дар шомгоҳи дирӯз низ, ягони мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо як мушаки болистик аз навъи “Зулфиқор” фурудгоҳи Бен-Гурёнро ҳадаф қарор дод.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *