Тибқи эъломи Кохи сафед, раисиҷумҳури Омрико дар дидор бо саркардаи шӯришиёни Сурия дар Риёз, ба ӯ 5 хостаро матраҳ кард, ки яке аз онҳо ба расмияти шинохтани Исроил аст.
Ба гузориши New York Post, Тромп қабл аз нишасти муштараки Омрико ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар Риёз, дар канори валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ дидор кард.
Пас аз интишори тасовири дидори раисиҷумҳури Омрико бо саркардаи шӯришиёни сурӣ дар Риёз, Кохи сафед эълом кард, ки Тромп аз Ҷулонӣ 5 хоста доштааст.
Яке аз ин хостаҳо, пайвастани Сурия ба тавофуқи созиши Иброҳим ва ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ аст.
Тавзеҳоти омрикоиҳо дар шароите мунташир шуда, ки ӯ рӯзи гузашта дар як суханронӣ эълом кард, пас аз сӯҳбатҳо ва дархостҳои Муҳаммад бен Салмон, Ардуғон ва бархе дигар аз дӯстон, Омрико гуфт, ки “таҳримҳои Сурияро бархоҳем дошт.”
Кохи сафед эълом кард, ки раисиҷумҳури Омрико илова бар ба расмият шинохтани Исроил, 4 хостаи зайлро ҳам матраҳ кард:
– ба ҳамаи теруристҳои хориҷӣ бигӯ, ки Сурияро тарк кунанд;
– теруристҳои фаластиниро аз Сурия ихроҷ кун;
– ба Иёлоти Муттаҳида барои ҷилавгирӣ аз эҳёи ДОЪИШ кӯмак кун;
– масъулияти марокизи нигаҳдории ДОЪИШ дар шимоли шарқи Сурияро бар ӯҳда бигир.