Фошкории «New York Times» дар бораи сирри аввалин оташбаси Трамп бо Эрон

Доналд Трамп танҳо чанд рӯз пас аз сарнагун шудани як ҷангандаи F-15E аз ҷониби Эрон ба ин натиҷа расид, ки бояд ҷангро мутаваққиф кунад.Гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Форс — рӯзномаи амрикоии «New York Times» дар бахше аз гузориши муфассали худ, ки имрӯз (сешанбе) мунташир кардааст, дар бораи таҳаввул ва такомули тактикаҳои низомии Эрон дар ҷараёни Ҷанги …

Доналд Трамп танҳо чанд рӯз пас аз сарнагун шудани як ҷангандаи F-15E аз ҷониби Эрон ба ин натиҷа расид, ки бояд ҷангро мутаваққиф кунад.

Гурӯҳи байналмилалии хабаргузории Форс — рӯзномаи амрикоии «New York Times» дар бахше аз гузориши муфассали худ, ки имрӯз (сешанбе) мунташир кардааст, дар бораи таҳаввул ва такомули тактикаҳои низомии Эрон дар ҷараёни Ҷанги Рамазон, ҷузъиёти нави яке аз омилҳои таъсиргузор бар тасмими Доналд Трамп барои эълони оташбаси дуҳафтаина бо Эрон дар моҳи фарвардин ироа кардааст.

Ҷузъиёти ин гузориш нишон медиҳад, ки сарнагун шудани як ҷангандаи амрикоии F-15E дар натиҷаи оташи неруҳои низомии Эрон дар 14 фарвардин (3 апрел) яке аз омилҳои тасмими Трамп дар ин замина будааст.

«New York Times» навиштааст, ки Эрон бо мутобиқ кардани маҳоратҳо ва тактикаҳои худ тавониста буд ин ҷангандаи пешрафтаи 60-миллиондоллариро ҳангоми парвоз бар фарози ҷануби Эрон бо як мушаки «замин ба ҳаво»-и душпарто сарнагун кунад.

Як мақоми аршади низомии Амрико ба «New York Times» гуфтааст, ки Эрон пас аз омӯзиши тактикаҳои низомӣ дар ҷанги Украина, гурӯҳе аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар минтақае мустақар карда буд, ки ҷангандаҳои амрикоӣ ба он ворид шуда буданд.

Бар асоси гузориши ин рӯзнома, халабонҳои ҷанганда дар гуфтугӯ бо мақомоти Пентагон гуфтаанд, ки низомҳои дифоӣ ва тадобири муқобилавии F-15E танҳо ним сония пеш аз бархӯрди мушаки Эрон ба ин ҷангандаи пешрафта ҳушдор дода буданд.

Як мақоми аршади низомии дигар ба «New York Times» гуфтааст, мақомоти Пентагон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин се маълумоти ҳаётан муҳим — мавқеи GPS, суръат ва самти ҳаракати F-15E —ро дар ихтиёри фармондеҳони эронӣ гузошта буданд ва ин маълумот ба онҳо барои ҳадаф қарор додани ҷанганда кумак кардааст.

Расонаҳои Эрон дар рӯзҳои гузашта тасвирҳои ин ҷанганда ва ҳамчунин теъдоди зиёди боқимондаҳои дигар ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва исроилиро, ки ҳадаф қарор гирифта буданд, мунташир кардаанд.

Трамп панҷ рӯз пас аз сарнагун шудани ин ҳавопаймо, яъне рӯзи 19 фарвардин, эълон кард, ки бо дархости нахуствазири Покистон барои оташбаси дуҳафтаина мувофиқат кардааст.

Бо вуҷуди ин, ду мақоми низомии Амрико ба «New York Times» гуфтаанд, ки артиши Амрико дар он замон ба ин натиҷа расида буд, ки барои мутобиқ кардани худ бо тактикаҳои нави ҷангии Эрон ба вақт ниёз дорад.

Гузориши «New York Times» нишон медиҳад, ки сарнагун кардани ин ҷанганда аввалин мавриди мутобиқ кардани маҳорат ва тактикаҳои Эрон ба шароити нави ҷанг набудааст.

Мавриди дигари истифодаи ин тактикаҳо дар ҷараёни ҳамлаҳои муваффақи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа, ба вижа дар Урдун, дар моҳи тир рух додааст.

Ба навиштаи «New York Times», дар он даргириҳо, ки пас аз ҳамлаҳои Амрико ба минтақаҳои атрофи тангаи Ҳурмуз ва дар пайи фурӯпошии тафоҳумнома оғоз шуданд, Эрон тавонист аз садди дифои ҳавоии пурқудрати Амрико убур кунад.

Ин рӯзномаи амрикоӣ навиштааст, ки мақомоти низомии Эрон бо дарс гирифтан аз ҷанги Украина тавонистанд ҳамзамон аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кунанд ва кори низомҳои дифои ҳавоии Амрикоро душвор созанд.

Ин тактика ба коҳиши шадиди захираҳои мушакҳои раҳгирии Амрико мунҷар шудааст. Ду мақоми амрикоӣ гуфтаанд, ки низомиёни ин кишвар дар минтақаи Ховари Миёна танҳо дар яке аз рӯзҳои даргириҳои моҳи гузашта маҷбур шуданд тақрибан 50 мушаки раҳгирии Patriot партоб кунанд. Арзиши ҳар як аз ин мушакҳо тақрибан 4 миллион доллар аст.

«New York Times» ҳамчунин ба нақши ҷанги 12-рӯзаи режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи Эрон дар моҳҳои хурдод ва тир дар соли гузашта дар шаклгирии ин тактикаҳо аз ҷониби Эрон ишора кардааст.

Валӣ Наср, профессори Мактаби мутолиоти пешрафтаи байналмилалии Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинз, ба ин рӯзнома гуфтааст, ки Эрон аз замони ҳамон ҷанг худро барои чунин лаҳза омода мекард.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони Эрон дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза мушоҳида карданд, ки неруҳои Исроил ва Амрико бо чӣ суръате барои муқобила бо мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон захираҳои мушакҳои раҳгирии баллистикии худро масраф мекунанд.

Ду манбаи огоҳ, ки ба далели ҳассос будани ҷузъиёти низомӣ нахостаанд номашон фош шавад, ба «New York Times» гуфтаанд, ки Пентагон то кунун беш аз 1500 мушаки раҳгирии Patriot-ро дар ҷанги ахир алайҳи Эрон истифода кардааст ва ҳоло камтар аз 1700 адад аз ин мушакҳоро дар ихтиёр дорад.

Амрико дар тамоми соли 2025 тақрибан 600 мушаки раҳгирии Patriot тавлид карда буд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *