Омрико: Ду корманди сафорати Исроил дар тирандозии Вошингтун кушта шуданд

Вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, Кристин Ноам дар шабакаи иҷтимоии Х таъйид кард, ки ду тан аз коркунони сафорати Исроил, дар ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии музейи яҳуд дар Вошингтун кушта шуданд.Пеш аз ин шабакаи омрикоии ABC гузориш карда буд, ки ду нафар аз ҷумла яке аз коркунони сафорати Исроил дар ин ҳодиса кушта шуданд.Ноам дар …

Вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, Кристин Ноам дар шабакаи иҷтимоии Х таъйид кард, ки ду тан аз коркунони сафорати Исроил, дар ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии музейи яҳуд дар Вошингтун кушта шуданд.

Пеш аз ин шабакаи омрикоии ABC гузориш карда буд, ки ду нафар аз ҷумла яке аз коркунони сафорати Исроил дар ин ҳодиса кушта шуданд.

Ноам дар баёнияи худ навишт: “Ду корманди сафорати Исроил имшаб, дар иқдоме бераҳмона, муқобили музейи яҳуд дар Вошингтун кушта шуданд. Мо бо ҷиддият дар ҳоли таҳқиқ ва ҷамъоварии иттилооти бештар ҳастем.”

Вай ҳамчунин ваъда дод, ки омили ин ҳамларо шиносоӣ ва ба адолат хоҳад супурд.

Аз сӯйи дигар, Дэнни Данон, сафири Исроил дар Созмони Милал, ин тирандозиро дар шабакаи иҷтимоии Х, “иқдоме паст ва теруризми яҳудиситезона” тавсиф кард.

Ин ҳодиса бомдоди имрӯз дар наздикии дафтари марказии FBI дар пойтахти Омрико рух додааст.

Раиси пулиси Вошингтун низ дар баёнияе дар хусуси ин ҳодиса эълом кард: “Мазнуни тирандозӣ дар музейи яҳудиён қабл аз тирандозӣ дар ҳоли қадам задан дар берун дида шуда ва баъдан боздошт шудааст.”

Вай дар хусуси ӯ гуфт: “Мазнун ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии музейи яҳудиён, Элиас Родригес, 30 сола аст. Мазнуни тирандозӣ дар музейи яҳудиён дар боздошт шиори “Фаластинро озод кунед!” сар медод.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *