Фаврӣ // Ҳамалоти Исроил ба фурудгоҳи Санъо

Режими саҳюнистӣ дар идомаи таҷовузоти худ алайҳи Яман, аз ҳамла ба фурудгоҳ Санъоъ хабар дод.Ба гузориши расонаҳо, нерӯи ҳавоии режими саҳюнистӣ ҳамалоте ба фурудгоҳи Санъо дар Яман доштааст.Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки беш аз 10 ҳавопаймои ҷангии исроилӣ дар ҳамла ба фурудгоҳи Санъо мушорикат дошт.Ин шабака эълом кард, ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳи …

Режими саҳюнистӣ дар идомаи таҷовузоти худ алайҳи Яман, аз ҳамла ба фурудгоҳ Санъоъ хабар дод.

Ба гузориши расонаҳо, нерӯи ҳавоии режими саҳюнистӣ ҳамалоте ба фурудгоҳи Санъо дар Яман доштааст.

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки беш аз 10 ҳавопаймои ҷангии исроилӣ дар ҳамла ба фурудгоҳи Санъо мушорикат дошт.

Ин шабака эълом кард, ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳи Санъо ҳадаф қарор гирифт, вобаста ба хутути ҳавоии Яман буд ва баъд аз ним соат аз фурудаш ҳадаф қарор гирифт.

Дар ҳамин росто, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, Исроил Котз тасреҳ кард, ки нерӯи ҳавоии ин режим мавозеъеро дар Санъо бомбборон кард.

Вай иддаъо кард, ки нерӯи ҳавоии ин режими мавозеъи Ансоруллоҳ дар фурудгоҳи Санъоро ҳадаф қарор дода ва охирин ҳавопаймо дар он ҷоро мунҳадим кардааст.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ изҳор кард: “Ҳамалоти ҳавоӣ ба Яман як паёми возеҳ ва идомаи сиёсатҳои мо мабнӣ бар ин амр аст, ки касе, ки ба Исроил шиллик кунад, баҳои бузургеро хоҳад пардохт.”

Котз таъкид кард, фурудгоҳҳо ва банодир дар Яман дар маърази ҳамалоти шадид қарор хоҳад гирифт ва фурудгоҳи Санъо борҳо ва борҳо тахриб хоҳад шуд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *