Вокуниши Ансоруллоҳи Яман ба ҳамла алайҳи фурудгоҳи Санъо: “Ҳар иттифоқе рух диҳад, Ғаззаро танҳо намегузорем!”

Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман эълом кард: “Ҳар чи қадр ҳам, ки ба Яман ҳамла шавад, мо ба ворид овардани заработ ба Исроил идома хоҳем дод.”Ба гузориши Shafaqna, Ал-Бухайтӣ ба телевизиони қатарии Ал-арабӣ гуфт: “Ҳамлаи Исроил ба фурудгоҳи Санъо монеъи заработи мо алайҳи ин режим нахоҳад шуд.”Вай афзуд: “Мо ба ёрии Ғазза идома …

Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман эълом кард: “Ҳар чи қадр ҳам, ки ба Яман ҳамла шавад, мо ба ворид овардани заработ ба Исроил идома хоҳем дод.”

Ба гузориши Shafaqna, Ал-Бухайтӣ ба телевизиони қатарии Ал-арабӣ гуфт: “Ҳамлаи Исроил ба фурудгоҳи Санъо монеъи заработи мо алайҳи ин режим нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Мо ба ёрии Ғазза идома хоҳем дод ва бозандаи бузург касе аст, ки дар ин амр сустӣ мекунад, на касе, ки ба хотири Ғазза мутаҳаммили заработ мешавад.”

Ин мақоми яманӣ таъкид кард: “Омрикоиҳо рӯйи таслим шудан ва ба зону даромадани Яман ҳисоб боз карда буданд, аммо ноком монданд.”

Ал-Бухайтӣ тасреҳ кард: “Мо аз таҳаққуқи пирӯзӣ бар ишғолгарони исроилӣ мутмаин ҳастем ва ҳар иттифоқе биафтад, Ғаззаро танҳо раҳо нахоҳем кард.”

Вай гуфт: “Мо муваффақ шудем Омрикоро аз муъодалаи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ дар анҷоми ҳамалот алайҳи Яман хориҷ кунем.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *