Пизишкиён: “Ҳеч инсони озодае зери бори зулму ситам нахоҳад рафт”

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ба мо мегӯянд, шумо ҳақ надоред ба самти он чи аз назари инсонӣ ҳуқуқи шумост биравед, таъкид кард: “Ҳеч инсони озодае зери бори зулму ситам ва ноҳақ нахоҳад рафт.”Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯ, Масъуди Пизишкиён дар маросими бузургдошти солгарди Имом Хумайнӣ (р) дар марқади бунёнгузори Инқилоби Исломӣ, изҳор кард: “Имоми …

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ба мо мегӯянд, шумо ҳақ надоред ба самти он чи аз назари инсонӣ ҳуқуқи шумост биравед, таъкид кард: “Ҳеч инсони озодае зери бори зулму ситам ва ноҳақ нахоҳад рафт.”

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯ, Масъуди Пизишкиён дар маросими бузургдошти солгарди Имом Хумайнӣ (р) дар марқади бунёнгузори Инқилоби Исломӣ, изҳор кард: “Имоми роҳил бо рафтор ва навъи зиндагӣ ва гуфтори худ моро ба иззат ва сарбаландӣ ҳидоят кард ва худбовариро дар ҷомеаи Эрон ба армуғон овард.”

Вай ёдовар шуд: “Шиори Имоми роҳил “мо метавонем” ва “мо дар муқобили ҳеч зулму ситаме сар хам намекунем” буд. Мо ҳамеша дар солгарди Имоми роҳил ба марқади эшон меойем, то бо ӯ аҳду паймон бибандем, ки роҳеро, ки ӯ ба хотираш инқилоб кард идома диҳем.”

Раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба васиятномаи Имоми роҳил, изҳор кард: “Он чи Имоми бузургвор ба унвони васият барои мо ба ёдгор гузошт, ҳамон чизе аст, ки Худованд дар Қуръон ба мусалмонон тавсия ва Расули Худо ба мусалмонон дастур дода ва имомон низ моро ба ҳамон масир тавсия карданд. Агар мо ба гуфтори Имоми роҳил амал кунем ва ба он чи ӯ фармуд пойбанд бошем, ҳеч қудрате наметавонад мо мусалмононро ба зону дароварад.”

Пизишкиён бо таъкид бар ин ки агар мушкил дорем, ба далели адами амал ба тавсияҳо ва гуфторҳои Имоми роҳил аст, гуфт: “Ислом дини ақл, адолат ва инсоф аст. Он чи мардуд аст, ҳукуматҳои шайтонӣ, диктотурӣ ва ситамгарӣ аст.”

Вай бо ишора ба таъкидоти Имоми роҳил бар лузуми ҳифзи ваҳдат ва ҷилавгирӣ аз эҷоди тафриқа дар кишвар, ёдовар шуд: “Имрӯз Омрико, Исроил ва тамоми уммол ва худфурӯхтаҳо тамоми талошашон бар ин аст, ки дар кишвар тафриқа ва ихтилоф ба вуҷуд ояд, то амалиёти муъзиёнаи худро дар кишвар пиёда кунанд.”

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: “Он чи онон нахоҳанд дид ин аст, ки мо ваҳдат ва инсиҷоми худамонро аз даст бидиҳем, ваҳдат ва инсиҷоми мо дар дохил, тамаъи ононро дар эъмоли ниёти касифашон нобуд мекунад ва аз миён мебарад. Ваҳдат ва инсиҷом мост, ки ононро дар муқобили мусалмонон ба зону дармеоварад.”

Пизишкиён идома дод: “Тасаввур кунед, мо мусалмонон ва кишварҳои мусалмон бо ҳам бошем, Исроил бо 2 то 4 миллион ҷамъият чӣ ғалате метавонад бо мо бикунад? Омрико ба минтақа омада ва Исроилро муҷаҳҳаз карда ва анвоъу ақсоми таслеҳоти низомии нобудкунандаи башариятро додааст, аммо ба кишварҳои исломӣ шиор медиҳад, ки Эрон таҳдид аст.”

Вай ёдовар шуд: “Омрико пулеро, ки аз нафт ва манобеъи мусалмонон мегирад, ба кишварҳои исломӣ аслиҳа ва мушак ва бомб медиҳад, ки ба ҷони ҳам биафтанд ва бо ҳам даъво кунанд ва мусалмонон барои ҳам хатар шаванд ва Омрико омили амният шавад.”

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард: “Касе, ки дар минтақа омили ноамнӣ аст ва тамоми ҳуқуқи инсониро зери по мегузорад, Исроил аст. Ҳеч инсони озодае қатлу ғорати Исроил дар минтақаро, ки бо пуштибонии Омрико ва Урупо анҷом медиҳад намепазирад, он вақт касоне, ки иддаъои ҳуқуқ башар ва сулҳу амният доранд, аз Исроили ҷинояткор дифоъ мекунанд ва ба мо мегӯянд, шумо ҳақ надоред ба самти он чи аз назари инсонӣ ҳуқуқи шумост биравед. Ҳақ надорем ба тарафи илм ва доноӣ биравем ва мушкилоти худро дар энержии ҳастаӣ, беҳдошт ва дармон ва кишоварзӣ ва тамоми улум рафъ кунем, мегӯянд бояд ҷамъ кунед!”

Пизишкиён идома дод: “Ҳеч инсони озодае зери бори зулму ситам ва ноҳақ нахоҳад рафт. Фитрати инсон бар ҳақ ва адолат аст. Агар имрӯз ва фардо ҳар инсоне зӯру ситамро бипазирад, фардо инсонҳои озодае ҳастанд, ки дар баробари он фарёд бикашанд ва биистанд.”

Вай тасреҳ кард: “Агар онон мехоҳанд минтақа дар сулҳу амният бошад ва агар оромиш мехоҳанд, ҳаққу ҳуқуқ ва адолатро барои ҳамаи инсонҳои ин минтақа бояд ба расмият бишносанд ва бипазиранд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *