Вазъи душвори Арабистони Саудӣ; талош барои таъсиси эътилоф алайҳи Ансоруллоҳ

Ба гуфтаи ду мақоми минтақавӣ, Арабистони Саудӣ дар вазъи душвор қарор дорад ва барои дарёфти кумак аз муттаҳидони худ талош мекунад.Ба нақл аз «Тасним», Associated Press бо истинод ба ду мақоми минтақавӣ хабар дод, ки ҳамзамон бо ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи Ансоруллоҳ, захираи мушакҳои раҳгирии ин кишвар рӯ ба коҳиш аст ва Риёз барои дарёфти …

Ба гуфтаи ду мақоми минтақавӣ, Арабистони Саудӣ дар вазъи душвор қарор дорад ва барои дарёфти кумак аз муттаҳидони худ талош мекунад.

Ба нақл аз «Тасним», Associated Press бо истинод ба ду мақоми минтақавӣ хабар дод, ки ҳамзамон бо ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи Ансоруллоҳ, захираи мушакҳои раҳгирии ин кишвар рӯ ба коҳиш аст ва Риёз барои дарёфти кумак ба муттаҳидони минтақавӣ ва ғарбии худ рӯ овардааст.

Ин мақомот изҳор доштанд, ки саудиҳо аз Фаронса, Британия, Покистон ва Миср хостаанд, то барои кумак ба муқобила бо мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки партоб мешаванд, таҷҳизот ва нерӯҳои дифоъи ҳавоиро дар минтақа мустақар кунанд.

Яке аз мақомоти минтақавӣ гуфт, ки Арабистони Саудӣ дар «вазъи бисёр душвор» қарор дорад, зеро на танҳо бояд аз пойгоҳҳои низомӣ ва иншооти муҳими давлатии худ муҳофизат кунад, балки бояд амнияти иншооти нафтии саросари ин подшоҳиро низ таъмин намояд.

Ин мақоми дувум изҳор дошт, ки Арабистони Саудӣ ҳамчунин талош дорад муттаҳидони байналмилалии худро барои анҷом додани вокуниши дастаҷамъӣ алайҳи Ансоруллоҳ сафарбар кунад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *