Як киштии нафткаш дар тангаи Ҳурмуз ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Як киштӣ дар тангаи Ҳурмуз мавриди ҳамлаи як мушаки номаълум қарор гирифта, бар асари он дар саҳни киштӣ сӯхтор ба амал омадааст.Ба нақл аз Тасним, Созмони тиҷорати баҳрии Британия гузорише дар бораи рух додани як ҳодиса дар тангаи Ҳурмуз дарёфт кардааст.Масъули амнияти ширкати киштӣ хабар додааст, ки як киштии нафткаш аз ҷониби як мушаки номаълум …

Як киштӣ дар тангаи Ҳурмуз мавриди ҳамлаи як мушаки номаълум қарор гирифта, бар асари он дар саҳни киштӣ сӯхтор ба амал омадааст.

Ба нақл аз Тасним, Созмони тиҷорати баҳрии Британия гузорише дар бораи рух додани як ҳодиса дар тангаи Ҳурмуз дарёфт кардааст.

Масъули амнияти ширкати киштӣ хабар додааст, ки як киштии нафткаш аз ҷониби як мушаки номаълум ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пайи ин ҳамла дар киштӣ сӯхтор ба амал омадааст, ки ҳоло зери назорат гирифта шудааст.

Гузориш шудааст, ки ҳамаи аъзои экипаж дар амон ҳастанд ва то ҳол таъсири эҳтимолии экологӣ тасдиқ нашудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *