Фаврӣ // Ҳамлаи мушакии Яман ба Исроил // Фаъолияти фурудгоҳи Бен-Гурён дар Телавив мутаваққиф шуд

Дар вокуниш ба идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин, нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми як амалиёти мушакии дақиқ ва муваффақ алайҳи фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурён дар Телавив хабар дод.Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо судури баёнияе расмӣ эълом кард, ки дар чорчӯби ҳимояти мудовими Яман аз миллати …

Дар вокуниш ба идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин, нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми як амалиёти мушакии дақиқ ва муваффақ алайҳи фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурён дар Телавив хабар дод.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо судури баёнияе расмӣ эълом кард, ки дар чорчӯби ҳимояти мудовими Яман аз миллати мазлуми Фаластин ва дар посух ба ҷиноёти бевақфаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза, нерӯҳои артиши кишвараш як амалиёти мушакии вежа алайҳи фурудгоҳи Бен-Гурён дар минтақаи ишғолии Телавив анҷом додаанд.

Тибқи гузориши шабакаи Алмасира, дар ин баёния омадааст, ки дар ин амалиёт аз як мушаки болистики мовақти савт аз навъи “Фаластин-2” истифода шудааст. Ин мушак бо диққат ба ҳадаф исобат карда ва мӯҷиби таваққуфи комили фаъолиятҳои фурудгоҳ ва фирори густардаи сокинони режими ишғолгар ба паноҳгоҳҳо шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ин иқдомро посухе машрӯъ ба “ҷанги наслкушӣ ва куштори бераҳмонаи ғайринизомён дар Ғазза” тавсиф карда ва таъкид кард, ки ин ҳамалот то замони таваққуфи комили таҷовузоти режими саҳюнистӣ ва рафъи муҳосира аз навори Ғазза идома хоҳанд дошт.

Дар идомаи ин баёния, аз миллати бузурги Яман ба унвони “миллати вафодорӣ, каромат ва иззат” ёд шуда ва аз мавзеъгирии собит ва таърихии онҳо дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва мухолифат бо султаталабии бегонагон бар ҷаҳони ислом қадрдонӣ шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин, аз муҷоҳидони фаластинӣ дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ таҷлил карда ва фидокориҳои онҳо дар баробари ишғолгаронро “намоди ҳамоса ва эсор” дар дифоъ аз уммати исломӣ тавсиф кард.

Яҳё Сареъ дар поён хотирнишон кард: “Амалиёти мо идома хоҳад дошт ва танҳо замоне мутаваққиф хоҳад шуд, ки таҷовуз алайҳи Ғазза поён ёфта ва муҳосираи он комилан бардошта шавад.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *