Режими саҳюнистӣ ҳамлаҳои густурда ба Ғазаро аз сар гирифт

Баъд аз баҳонаҷӯйиҳои зиёд аз сӯи масъулин ва артиши режими саҳюнистӣ, дар нақзи возеъи созишномаи оташбас, ҳавопаймоҳои Исроил ҳамлаҳои густурда ба Ғазаро оғоз карданд.Ба нақл аз хабаргузории Фарс, режими саҳюнистӣ, ки ҳоло банқи ҳадафҳои худро навсозӣ кардааст, ин бор ба баҳонаи надодани ҷасадҳои асирони худ, ҳамлаҳо ба минтақаҳои гуногуни Ғазаро аз сар гирифт.Саҳюнистҳо ба ҷуз …

Баъд аз баҳонаҷӯйиҳои зиёд аз сӯи масъулин ва артиши режими саҳюнистӣ,
дар нақзи возеъи созишномаи оташбас, ҳавопаймоҳои Исроил ҳамлаҳои густурда ба Ғазаро оғоз карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Фарс, режими саҳюнистӣ, ки ҳоло банқи ҳадафҳои худро навсозӣ кардааст, ин бор ба баҳонаи надодани ҷасадҳои асирони худ, ҳамлаҳо ба минтақаҳои гуногуни Ғазаро аз сар гирифт.

Саҳюнистҳо ба ҷуз ҳамлаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои топотие низ оғоз карданд.
Ҳадафи асосии ин ҳамлаҳо, шарқи «Дейр ал-Балҳ» воқеъ дар маркази камарбанди Ғаза мебошад.
Ҳавопаймоҳои Исроил ҳамчунин маркази шаҳри Ғаза ва лагери «Ал-Шати», воқеъ дар ғарби шаҳри Ғаза, бомборон карданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо, садои таркишҳои даҳшатнок шунида шуд.

Шабакаи 12 Исроил мегӯяд, Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ,
масъулини амрикоиро дар ҷараёни ҳамлаҳои худ огоҳ кардааст.
Васоити ахбори Исроил чанд соат пеш хабар доданд, ки кабинети Бинямин Нетаняҳу ният дорад назорати артиши ин режимро бар қисматҳои бештаре аз камарбанди Ғаза густариш диҳад.

Рӯзномаи Таймс Исроил гузориш додааст, ки ин қарор аз сӯи Бинямин Нетаняҳу ба баҳонаи он чӣ «шиканиши оташбас аз сӯи Ҳамос» номида шудааст, гирифта шудааст.
Шабакаи Кан ҳамчун васоити ахбори давлатӣ режими саҳюнистӣ гузориш додааст, ки Нетаняҳу ҳоло бо мақомотҳои аршади амрикоӣ машварат мекунад, то ин густариши назорати низомиро бо ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида амалӣ кунад.

Баъд аз озод шудани асирони Исроил, масъулини ин режим барои он ки ҳамлаҳои худро ба Ғаза аз сар гиранд, дар ҷустуҷӯи баҳонаҳои бардурӯғ ҳастанд. Яке аз ин баҳонаҳо марбут ба таҳвили ҷасадҳои асирони саҳюнистӣ мебошад.

Яке аз мушкилоте, ки Ҳамос барои таҳвили ҷасадҳои асирони саҳюнистӣ бо он рӯбарӯ аст, ҳаҷми харобии Ғаза ва дар натиҷа пинҳон шудани ин ҷасадҳо дар зери овор мебошад.

Манобеи ҳозир дар Ғаза хабар доданд, ки артиши Исроил бо ворид намудани таҷҳизот барои ёфтани ҷасадҳои асирон ва оворбарорӣ мухолифат кардааст.
Ҳоло ки шохаи низомии Ҳамос то кунун ҷасадҳои 15 асирро ба нерӯҳои Салиб Сурх супурдааст ва таъкид мекунад, ки ёфтан ва интиқоли ҷасадҳо пас аз ду сол ҷанг ва харобии густурда, равандест мураккаб ва вақтталаб, вале Исроил ҳамчунон хоҳони бозгардонидани ҷасадҳои 13 асир боқимондаро мебошад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *