Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум аз ҷумла гуфт: “Имрӯз ин унсур, унсури муқовимат, ки дар Эрон поягузорӣ шуда ва рӯида, густариш пайдо карда, рушд пайдо карда ва вуҷуд дорад ва шумо мебинед, ки имрӯз дар хиёбонҳои кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои Урупо ва ҳатто худи Омрико ба нафъи муқовимат шиор медиҳанд; ба нафъи муқовимати Ғазза ва муқовимати Фаластин шиор медиҳанд. Яъне ин рӯйиши азим ва арзишманд, ки аз Эрон оғоз шуд, имрӯз ба тадриҷ дар бахши азиме аз дунё густариш пайдо кардааст. Ин лозим аст; ин бояд вуҷуд дошта бошад.”
Вай, ин густаришро зарурате барои имрӯзи ҷаҳон донист ва афзуд: “Ин ҷараёни муборак, ин ҷараёни басиҷ, ҷараёни мубораки ҷараёни муқовимат, дар зодгоҳи худ, ки Эрони Исломӣ аст, бояд бимонад, бояд насл ба насл, даст ба даст бигардад ва пеш биравад ва рӯз ба рӯз ҳам иншоаллоҳ қавитар ва комилтар бишавад.”