Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имшаб (панҷшанбе) ба муносибати Рӯзи басиҷ, дар гуфтугӯи телевизиюнӣ бо мардум, ба шойеъоти мунташиршуда дар бораи паёмдиҳии Эрон ба Омрико вокуниш нишон дода ва гуфт: “Ҳоло албата шойеъасозӣ оддӣ дуруст мекунанд, ки Эрон, давлати Эрон ба воситаи фалон кишвар пайғом фиристода ба Омрико; дурӯғи маҳз. Чунин чизе вуҷуд надошт.”
Вай бо ишора ба моҳияти рафтори Омрико дар қиболи кишварҳои мухталиф таъкид кард: “Омрикоиҳо ба дӯстони худашон ҳам хиёнат мекунанд; яъне касоне, ки дӯстони онҳо ҳастанд, ба онҳо ҳам хиёнат мекунанд. Аз бонди ҷинояткори саҳюнистии ҳоким дар Фаластин ҳимоят мекунанд; ба хотири нафту маодини зеризаминӣ ҳозиранд дар ҳар ҷойи дунё ҷангафрӯзӣ кунанд, ки имрӯз ба Омрикои Лотин ҳам ин ҷангафрӯзӣ расида.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҷамъбандии ин бахш аз суханони худ тасреҳ кард: “Якчунин давлате, Ҷумҳурии Исломӣ ба дунболи иртибот бо ӯ ва ҳамкорӣ бо ӯ бошад; ба таври қатъ.”