Яҳё Сариъ: Ҳавопаймои бесарнишини мо дар Арамко ба ҳадаф дақиқ бархӯрд

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз бархӯрди дақиқи як ҳавопаймои бесарнишини яманӣ ба корхонаи коркарди нафти Арамкои Арабистони Саудӣ хабар дод.Ба нақл аз Форс, генерал Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, эълон кард: «Корхонаи коркарди нафти Арамко дар Ҷизонро бо як ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор додем ва бархӯрд ба ҳадаф дақиқ буд.»Вай гуфт, ин ҳамла дар …

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз бархӯрди дақиқи як ҳавопаймои бесарнишини яманӣ ба корхонаи коркарди нафти Арамкои Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, генерал Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, эълон кард: «Корхонаи коркарди нафти Арамко дар Ҷизонро бо як ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор додем ва бархӯрд ба ҳадаф дақиқ буд.»

Вай гуфт, ин ҳамла дар посух ба нақзи ҳарими ҳавоии вилоятҳои Саъда ва Ҳаҷҷа аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини душмани саудӣ анҷом шудааст.

Пештар Вазорати энергетикаи Арабистони Саудӣ аз хомӯш кардани сӯхтор дар корхонаи коркарди нафти Арамко дар Ҷизон, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар, хабар дода буд.

Вазорати энергетикаи Арабистони Саудӣ субҳи имрӯз, якшанбе, эълон кард, ки сӯхтор дар яке аз таъсисоти корхонаи коркарди нафти Ҷизон бо талоши гурӯҳҳои оташнишонии ширкати Арамко хомӯш карда шудааст. Бар асоси баёнияи ин вазорат, ки дар шабакаи иҷтимоии «Икс» мунташир шудааст, сӯхтор субҳи имрӯз рух дода ва талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Корхонаи коркарди нафти Ҷизон бо зарфияти тавлиди 400 ҳазор бушка нафт дар як рӯз, яке аз таъсисоти муҳими Арамко дар минтақа ба шумор меравад.

Ҳафтаи гузашта низ таъсисоти Арамко дар Ҷизон ҳадафи ҳамлаи мушакии Яман қарор гирифт ва фаъолияти он мутаваққиф шуд.

Мақомоти марбута дар ҳоли таҳқиқи иллати рух додани ин ҳодиса ҳастанд ва то кунун гузорише дар бораи таъсири ин сӯхтор ба раванди тавлиди корхонаи коркарди нафт мунташир нашудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *