Созмони амалиёти тиҷорати баҳрии Британия (UKMTO) рӯзи душанбе хабар дод, ки як киштии ҳомили гази моеъ дар тангии Ҳурмуз ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Ба нақл аз хабаргузории «Форс», UKMTO рӯзи душанбе эълон кард, ки дар бораи як ҳодисаи марбут ба як киштии интиқолдиҳандаи гази моеъ (LPG), ки дар ҳоли хориҷ шудан аз тангии Ҳурмуз буд, гузориши дер гирифтааст.
Ин созмони бритониёӣ навишт: «Як киштии интиқолдиҳандаи гази моеъ мавриди бархӯрди пораҳои снарядҳои номаълум қарор гирифтааст. Ҳамаи аъзои экипаж дар саломатӣ ҳастанд ва ҳеҷ гуна таъсири экологӣ гузориш нашудааст.»
UKMTO инчунин ба дигар киштиҳои наздик ба ин минтақа ҳушдор дод, ки бо эҳтиёт ҳаракат кунанд ва ҳар гуна ҳодисаро ба ин созмон гузориш диҳанд.
UKMTO чанд соат пеш низ дар бораи як ҳодисаи дигар дар тангии Ҳурмуз хабар дода буд, ки бар асари он 2 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар моҳҳои ахир борҳо дар бораи ҳаракати киштиҳо аз масирҳои ноамн ҳушдор додаанд.