Исроил бузургтарин ва вазнинтарин киштии зериобиро, ки то кунун дар ҳайати нерӯҳои баҳрии ин кишвар ба хидмат гирифта шудааст, аз Олмон қабул кард.
Ба гузориши хабаргузории «Тасним» ва ба нақл аз рӯзномаи «Passauer Neue Presse», Нерӯҳои баҳрии Исроил киштии зериобии муосири «INS Drakon»-ро аз Олмон қабул кардаанд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, ин киштии зериобӣ ба бандари шаҳри Ҳайфа дар соҳили баҳри Миёназамин расидааст. Ин киштии зериобӣ, ки аз ҷониби ширкати киштисозии TKMS, воқеъ дар шаҳри Кили Олмон, сохта шудааст, шашумин ва охирин киштии зериобии синфи «Dolphin» мебошад.
Ин киштии зериобӣ бо дарозии беш аз 70 метр, бузургтарин киштии зериобии Нерӯҳои баҳрии Исроил ба ҳисоб меравад ва ба 10 найчаи партоби торпедо муҷаҳҳаз шудааст.
Шарҳҳо
Dovud
Киштии бисёр бақувват аст