Axios: Нишасти маҳрамонаи Исроил ва Қатар дар Омрико барои тармими равобит

Нашрияи омрикоии Axios ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, нишасти сеҷонибаи Омрико, Қатар ва Исроил бо ҳадафи тармими равобит баъд аз таҷовузи ахири Телавив ба Дуҳа баргузор шуд.Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Қатар рӯзи якшанбе дар Ню-Йорк як вохӯрии сегона баргузор мекунанд, то баъд аз ҳамлаи нокомонаи Исроил дар Доҳа равобитро бозсозӣ кунанд, ба гуфтаи ду …

Нашрияи омрикоии Axios ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, нишасти сеҷонибаи Омрико, Қатар ва Исроил бо ҳадафи тармими равобит баъд аз таҷовузи ахири Телавив ба Дуҳа баргузор шуд.

Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Қатар рӯзи якшанбе дар Ню-Йорк як вохӯрии сегона баргузор мекунанд, то баъд аз ҳамлаи нокомонаи Исроил дар Доҳа равобитро бозсозӣ кунанд, ба гуфтаи ду манбаеи огоҳ, ки бо ҷузъиёти масъала ошноянд.

Чаро муҳим аст: Ин баландтарин сатҳи вохӯрӣ миёни ин кишварҳо пас аз созише ҳаст, ки ба ҷанги Ғазза поён дод ва Қатар нақши миёнҷии калидӣ дошт. Ин вохӯрӣ дар замоне баргузор мешавад, ки ҳукумати Трамп омодагӣ дорад эълом кунад, ки раванди сулҳи Ғазза ба марҳилаи нав мегузарад.

Пасипӯшти воқеа: Намояндаи Кохи Сафед Стив Уиткоф мизбони ин нишаст аст. Роҳбари ҷосусии Моссад, Довид Барнеа, аз тарафи Исроил иштирок мекунад ва як мақоми баландпояи Қатар низ ҳузур хоҳад дошт, ба гуфтаи ду манбаъ.

Хотиррасон: 9 сентябр ҷетҳои Исроил як ҳамлаи бесобиқа алайҳи раҳбарони Ҳамос дар Доҳа анҷом доданд. Раҳбарони олии Ҳамос зинда монданд, аммо як посбони амнияти Қатар кушта шуд.

Дар посух, Қатар аз нақши миёнҷӣ миёни Исроил ва Ҳамос канор рафт ва кишварҳои араб якҷо ҳукумати Бинёмин Нетаняҳуро маҳкум карда, аз ҳукумати Трамп хостанд Исроилро водор кунад ҷангро хотима диҳад. Баъдтар, дар ҳамон моҳ, бо ташвиқи Трамп, Нетаняҳу аз Кохи Сафед бо Сарвазири Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ тамос гирифта, барои ҳамла узрхоҳӣ кард. Қатариҳо нақши миёнҷиро дубора ба уҳда гирифтанд, аммо равобит миёни Исроил ва Қатар — ки ду шарики муҳимми Амрико дар Ховари Миёна ҳастанд — ҳамоно сард монд.

Чӣ тавр рух дод: Бо ҳадафи ҳал кардани буҳрон, Иёлоти Муттаҳида як механизми сегона пешниҳод кард, то “ҳамоҳангии бештар, беҳбуди иртибот, ҳаллу фасли гилаҳо ва қавӣ кардани талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз таҳдидҳо” таъмин шавад.

Вохӯрии рӯзи якшанбе нахустин иҷлос аст, ки дар чорчӯби ҳамин механизм миёни се кишвар баргузор мегардад. Нетаняҳу пештар гуфта буд, ки дар ин доира мехоҳад аз пуштибонии Қатар аз Ихвонулмуслимин, душмании нисбат ба Исроил дар барномаҳои Ал-Ҷазира (ки бо маблағгузории Қатар фаъолият мекунад), ва дастгирии эҳтимолии Қатар аз ҳаводиси зидди Исроил дар донишгоҳҳои Амрико шикоят кунад.

Бо ин ҳол, эҳтимол меравад ин нишасти сегона бештар ба иҷрои созиши сулҳи Ғазза тамаркуз кунад — бахусус ба ғайринизомисозии Ҳамос ва дигар масоили ҳассос дар гузориш ба марҳилаи дуввуми созиш.

Ҷанбаи пурсиришт: Равобити байни ҳукуматҳои Нетаняҳу ва Қатар дар солҳои гузашта дар Исроил ба масъалае бисёр ҳассоси сиёсӣ табдил шудааст.

Нетаняҳу дар солҳои 2018–2023 аз Қатар хоста буд барои Ҳамос маблағ фиристад, то идораи Ғаззаро пеш барад, аммо ин маблағҳо ба инкишофи низомии гурӯҳ низ кӯмак карданд ва баъд аз ҳамлаҳои 7 октябр ба баҳси ҷиддӣ табдил ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, чанд нафар аз ёвари наздик ба Нетаняҳу таҳти тафтиш қарор доранд, ки гӯё аз Қатар маблағ гирифтаанд, то симои ин кишвари халиҷиро дар Исроил ва дар сатҳи байналмилалӣ — ҳатто дар давраи ҷанг — беҳтар нишон диҳанд.




Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *