Category: Ҷаҳон

HomeҶаҳон

Ба гузориши New Arab, мақомоти исроилӣ ба расонаи Ynet гуфтаанд, эҳтимоли аз саргирии ҷанг бо Эрон акнун 50-50 аст ва тасмими ниҳоӣ ба Дунолд Тромп бастагӣ дорад. Тромп дар рӯзҳои ахир зимни афзоиши таҳдидҳо алайҳи Теҳрон гуфта: “Достон ҳанӯз тамом нашуда” ва бархе манобеъ мӯътақиданд бунбасти музокирот метавонад ӯро ба самти судури муҷаввизи ҳамла биронад. …

Пас аз интишори ахборе аз рафту омади мақомоти мутаъаддид ва баландпояи режими саҳюнистӣ ба Аморот, шабакаи давлатии Исроил Times of Israel ин бор аз сафари раиси Ситоди артиши режим ба Абӯзабӣ парда бардошт.

Ҷо Кент, мақоми ба истеъфорафтаи давлати Тромп ва раиси собиқи Идораи мубориза бо теруризми Омрико навишт: "Тромп ноумед аст, чун исроилиҳо хобу хаёли мусаллаҳ кардани курдҳо ва дигар мухолифони эрониро ба ӯ фурӯхтанд, ки ба суръат ҳукумати Эронро сарнагун карда ва ба пирӯзии сареъи мунҷар хоҳад шуд. Ин иттифоқ наафтод, зеро ин тарҳ бар пояи …

Ба гузориши Fakti, раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Тамошои иттифоқоти Венесуэла ва Эрон боис шуда, то Пекин ба дунболи танишзудоӣ бо Вашингтон бошад. Фикр мекунам, канор омадан бо Чин беҳтар аз ҷанг бо он аст ва онҳо низ ҳамин эҳсосро доранд."

Ин рӯзномаи омрикоӣ навишт: “Эрон контроли тангаи Ҳурмузро ба даст гирифта ва мушакҳо ва паҳподҳояш ҳамчунон муттаҳидони Омрико дар минтақаро таҳдид мекунад. Эрон ҳамчунин, дар музокирот ҳам қавитар зоҳир шуд. Ин воқеият, осебпазириҳои шеваи ҷангии Омрикоро ошкор кард ва нишон дод, ки Омрико худро барои ҷангҳои мудерн омода накардааст.”

Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Middle East Eye, наздикии Аморот ба Исроилро бисёр хатарнок тавсиф карда ва Аморотро “асби тройи Исроил” (троянский конь Израиля) дар минақа донистааст.

Раисиҷумҳури Омрико дар шабакаи Truth Social навишт: “Садри аъзами Олмон бояд вақти бештаре сарфи поён додан ба ҷанги Русия // Украина кунад; ҷойе, ки комилан нокоромад буда; ва дар тармими кишвари варшикастааш, бавежа муҳоҷират ва энержӣ бикунад. Ва вақти камтаре сарфи дахолат дар кори касоне кунад, ки дар ҳоли аз байн бурдани таҳдиди ҳастаии Эрон …