Category: Ҷаҳон

HomeҶаҳон

Ба гузориши CNN, раиси Идораи амалиёти артиши Исроил женерол Одед Басюк, бо мақомоти аршади ҳукумати Сурия (ҳукумати Ҷулонӣ), дар Боку, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, дидор кард. Бар асоси ин гузориш, мақомоти исроилӣ тасмими Тромпро дар лағви таҳримҳои Сурия мусбат арзёбӣ карда ва онро ба унвони гоме барои пайвастани Сурия ба Тавофуқномаи Иброҳим дар назар гирифтаанд. Гуфтанист, …

Вазири умури хориҷаи Омрико пас аз дидор бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ гуфт, ки “раҳбарони ҷадиди Димишқ хоҳони сулҳ бо Исроил ҳастанд”. Ба гузориши Ahram, Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбе бо Асъад Шайбонӣ, ҳамтои сурии худ, як рӯз пас аз тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои лағви таҳримҳо алайҳи Димишқ, дидор …

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба раисиҷумҳури Фаронса ҳамла кард. Reuters навишт: Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, имрӯз (чаҳоршанбе) Эмонуэл Мокрун, раисиҷумҳури Фаронсаро ба ҳимоят аз Ҳамос муттаҳам кард. Ин иттиҳомот дар ҳоле ба Мокрун зада мешавад, ки ӯ сиёсати Исроил дар Ғаззаро “шармовар” хонд. Натонёҳу гуфт: “Исроил ба аҳдофи ҷангии худ барои озодии гаравгонҳояш, шикасти Ҳамос ва …

Абдулборӣ Атвон, сардбири рӯзномаи “Раъюл-явм” ва таҳлилгари фаластинӣ навишт: Расонаҳо, сафари Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба минтақа (Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)-ро ба такрор дар миёни ҳаёҳуи муболиғаомези расонаӣ ва бесобиқа, “сафаре таърихӣ” тавсиф мекунанд. Нуктаи аввал перомуни ҷанҷоли расонаии мазкур ин аст, ки сафари Тромп ба Риёз, аввалин сафари вай нест; ҳамчунин …

Тибқи эъломи Кохи сафед, раисиҷумҳури Омрико дар дидор бо саркардаи шӯришиёни Сурия дар Риёз, ба ӯ 5 хостаро матраҳ кард, ки яке аз онҳо ба расмияти шинохтани Исроил аст. Ба гузориши New York Post, Тромп қабл аз нишасти муштараки Омрико ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар Риёз, дар канори валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Абӯмуҳаммади Ҷулонӣ …

Рӯзномаи “Кайҳон” (чопи Эрон) дар сутуне, ки онро танз меномад, ба Тромп ба хотири номгузории ҷаълӣ барои халиҷи Форс ҳамла кард ва навишт: “Гуфт: хабаргузории омрикоии Associated Press бо ишора ба сафари қарибулвуқӯъи Тромп ба минтақа, навиштааст: Тромп қасд дорад, эълом кунад, ки аз ин пас Омрико “халиҷи Форс”-ро “халиҷи арабӣ” меномад. Гуфтам: Тромп ба …