Натонёҳу барои аввалин бор ҷузъиёте дар бораи ҳамоҳангиҳо бо Омрико дар ҳамлаи 12-рӯза ба Эронро ифшо кард.
Ба гузориши Euronews, Бенёмин Натонёҳу, нахустивазири Исроил, дар гуфтугӯ бо коноли 14-и телевизиони Исроил, ҷузъиёти ҷадидеро аз пушти пардаи ҳамкории Омрико ва Исроил дар ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон ва чигунагии мувофиқати Тромп ифшо кард.
Натонёҳу ҳамчунин гуфт, ки ҷанг бо Эрон ба поён нарасида ва ҳеч гоҳ ба поён нахоҳад расид. Вай гуфт: “Мо то ҳадди зиёде таҳдиди Эронро дур кардем, аммо ин ҷанг ҳанӯз хотима наёфтааст ва ҳеч вақт ба поён нахоҳад расид. Исроил ҳамчунон Эронро зери назар дорад.”
Ӯ гуфт: “Рӯзи панҷшанбе дар охирин гуфтугӯ бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар бораи ин мавзӯъ сӯҳбат кардам ва омодаем, дар сурати лузум ҳар гуна иқдомеро иттихоз кунем.”
Таърихи ҳамла пеш аз нахустин дидор бо Тромп мушаххас буд
Нахуствазири Исроил гуфт, замоне, ки дар моҳи феврал барои нахустин бор дар даври дуввуми раёсати ҷумҳурии Дунолд Тромп бо ӯ дидор кард, ниҳодҳои амниятии Исроил дар бораи ҳамлаи моҳи июн ба Эрон ба ҷамъбандӣ расида ва таърихи онро таъйин карда буданд.
Натонёҳу гуфт: “Ман бо тарҳи ҳафтсафҳаӣ ба он ҷаласа рафтам ва гуфтам, ин корест, ки мехоҳем анҷом диҳем. Роҳи дигаре надорем, ба ҳар ҳол анҷомаш медиҳем.”
Нахуствазири Исроил афзуд, пас аз ироаи тарҳи ҳамла ба Эрон ба Дунолд Тромп, ба ӯ гуфтааст, ки Исроил танҳо дар ҳамла ба як ҳадаф дар Эрон бо мушкил мувоҷеҳ аст. “Ба ӯ гуфтам, оқои раисиҷумҳур, танҳо як маврид аст, ки ба тасмими шумо ниёз дорад. Дунолд, дӯсти ман, ту метавонӣ кореро, ки барои мо бисёр душвор аст, анҷом диҳӣ. Ва он нуфуз ба умқи Фарду ба василаи таҷҳизоти вежаест, ки танҳо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико онро дар ихтиёр дорад. Ин ки Омрико фақат онҳоро дар ихтиёр дорад, як неъмати бузург аст.”
Ба гуфтаи нахуствазири Исроил, Тромп мутаваҷҷеҳи ҷиддӣ будани мавқеият шуд. “Ӯ манро дарк кард ва ба ин мавзӯъ пай бурд. Ҳанӯз бо (анҷоми ҳамла) мувофиқат накарда ва дар бораи пайвастан ба он тасмим нагирифта буд, аммо дарк кард ки мо чорае ҷуз анҷоми онро надорем.”
Ба гуфта Натонёҳу, вақте, ки дар роҳи бозгашт аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико буд, омодасозии ҳамалоти 12-рӯза ба Эрон мавсум ба амалиёти “Тулӯъи шерон” оғоз шуд.
Нахуствазири Исроил зимни тамҷид аз ҳамкории ниҳодҳои амниятии Исроил гуфт: “Артиш, нерӯи ҳавоӣ, Омон (Идораи иттилооти низомии Исроил) ва Мусод иқдомоти торихӣ анҷом доданд.”
Ӯ дар бораи шиддати барӯзрасонӣ ва ҷамъоварии иттилоот аз сӯйи ниҳодҳои амниятии Исроил гуфт: “Дар ибтидо ҳар чаҳор ҳафта, сипас ҳар ҳафта, баъд ҳар рӯз, баъд ҳар соат ва сипас ҳангоме, ки ҳавопаймоҳо дар масири анҷоми ҳамалот буданд, иттилооти ҷадид дарёфт мекардем.”
Нахуствазири Исроил дар бораи далели тасмими ӯ ба терури донишмандони ҳастаии Эрон, гуфт: “Фикр мекардам, барои ин ки битавонем барномаи ҳастаии Эронро бештар ба ақаб биронем, бояд донишмандони аршади ҳастаиро ҳазф кунем.”
Замонбандии амалиёт
Натонёҳуи ҷанг бо Эронро мавзӯе донист, ки 40 сол зеҳнашро даргир карда буд. Ӯ гуфт: “Ба ин далел, ки ман хатари таслеҳоти ҳастаии Эронро медидам ва медонистам, меҳвари Эрон, бо чунин таҳдиде, моро то сарҳади марг хоҳад бурд. Медонистам, агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, мавҷудияти мо бо хатари бисёр бузурге рӯбарӯ мешавад.”
Нахуствазири Исроил дар бораи иллати замони ҳамла, гуфт: “Пас аз терури Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ ва тазъифи ин гурӯҳ, Эрон ба суръат ба сӯйи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ пеш рафт.”
Натонёҳу гуфт: “Вақте (Насруллоҳ) аз байн рафт, меҳвари Эрон шикаст. Вақте, ки меҳвари Эрон шикаст, Теҳрон фаҳмид, ки дигар он абзорро барои нобудии мо дар ихтиёр надорад ва бинобар ин бо шитоб ба сӯйи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ пеш рафт. Онҳо зарфи чанд моҳ метавонистанд ба як ва ё шояд ду бомби ҳастаӣ бирасанд.”
Натонёҳу афзуд: “Ба лаҳзаи сарнавиштсоз расидем. Медонистам, ки бояд барои ҳазфи ин таҳдид, ҳар чи сареътар иқдом кунем.”
Нахуствазири Исроил ҳамчунин гуфт, ки терури Ҳасан Насруллоҳ, ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурияро дар остонаи суқут қарор дода буд ва Эрон қасд дошт, барои ҷилавгирӣ аз ин иттифоқ, ду лашкар ба Сурия эъзом кунад.
Натонёҳу гуфт: “Эрон мехост, барои наҷот ҳукумати Асад, ду лашкар эъзом кунад ва ман ба нерӯи ҳавоӣ дастур додам, ки бо онҳо рӯбарӯ шавад ва онҳоро аз ин кор боздорад ва боздорандагӣ воқеан амал кард ва Башшор Асад сарнагун шуд.”