Foreign Affairs: Яманиҳо дар майдони ҷанг, аз Омрико пешӣ гирифтанд

Нашрияи таҳлилии Foreign Affairs таъкид карда, ки бо вуҷуди иддаъоҳои раисиҷумҳури Омрико Дунолд Тромп мабнӣ бар “таслим шудан”-и Ансоруллоҳи Яман, ин гурӯҳ ҳамчунон қудрати худро ҳифз ва мавозеъашро тақвият кардааст.Ин нашрияи омрикоии тасреҳ кард, ки Вошингтун бо вуҷуди ҳазинаи беш аз 2 миллиард долларӣ дар ҳамалот ба Яман, дар ниҳоят натавонист Ансоруллоҳро маҳор кунад ва …

Нашрияи таҳлилии Foreign Affairs таъкид карда, ки бо вуҷуди иддаъоҳои раисиҷумҳури Омрико Дунолд Тромп мабнӣ бар “таслим шудан”-и Ансоруллоҳи Яман, ин гурӯҳ ҳамчунон қудрати худро ҳифз ва мавозеъашро тақвият кардааст.

Ин нашрияи омрикоии тасреҳ кард, ки Вошингтун бо вуҷуди ҳазинаи беш аз 2 миллиард долларӣ дар ҳамалот ба Яман, дар ниҳоят натавонист Ансоруллоҳро маҳор кунад ва ночор ба пазириши оташбас шуд.

Дар 6-уми май, раисиҷумҳури Омрико аз оташбас бо нерӯҳои яманӣ хабар дода буд. Ӯ пештар ба баҳонаи муқобила бо таҳдидоти нерӯҳои Яман дар баҳри Сурх, ҳамалотеро алайҳи ин кишвар тартиб дода ва шумори зиёде аз ғайринизомиёни яманиро ба шаҳодат расонда буд.

Foreign Affairs тасреҳ кард, ки раҳбарони Ансоруллоҳ акнун метавонанд бигӯянд, ки “дар баробари як абарқудрат муқовимат карда ва пирӯз шудаанд ва аз фишори бомбборонҳои Омрико раҳо шудаанд.” Илова бар ин, яманиҳо акнун фурсати бештаре доранд, то бар муқобила бо Исроил мутамаркиз шаванд.

Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни ҳамалоти худ ба Яман, беш аз 1000 нуқта аз ҷумла фурудгоҳҳо ва зерсохтҳои калидии ин кишварро ҳадаф қарор дод, аммо ба навиштаи Foreign Affairs, натавонист қудрати Ҳусиҳо (Ансоруллоҳ)-ро маҳор кунад.

Ин нашрия ҳамчунин таъкид кард, ки барои давлати Тромп, оташбас роҳе сареъ барои раҳоӣ аз вазъияте буд, ки ҳар рӯз барои Вошингтун ғайриқобили таҳаммултар мешуд.

Foreign Affairs тасреҳ кард, ки бомбборонҳои пурҳазина на танҳо фишорҳои молиро бар Омрико афзоиш дода буд, балки нигарониҳоеро дар миёни сиёсатгузорони Вошингтун эҷод карда буд, ки Омрико мумкин аст ба як ҷанги бепоёни дигар дар Ховари Миёна кашида шавад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *