Tag: Яман

HomeЯман

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки фурудгоҳи Бен-Гурён дар Телавив ҳадафи ҳамлаи як мушаки болистики фаросавт қарор гирифтааст. Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман соате пеш аз амалиёти низомии вежа барои ҳадаф қарор додани фурудгоҳи Бен-Гурён бо як мушаки болистики фаросавт аз навъи “Фаластин-2” хабар дод. Вай гуфт, ки ин амалиёт …

Исроил Котс, вазири ҷанги Исроил гуфт: “Ба зудӣ амалиёти тоуни нахустзодагонро дар Яман иҷро мекунем.” Гуфтанист, тоуни нахустзодагон даҳумин ва маргбортарин балое буд, ки Худованд барои наҷоти банӣ Исроил бар сари Миср овард. Тибқи ривояти Таврот, тоуни нахустзодагон боиси марги ҳамаи фарзандони аввали хонаводаҳои мисрӣ (қибтӣ) шуд. Ба назар мерасад, ки вазири ҷанги Исроил бо …

Расонаҳои исроилӣ аз шикасти амалиёти терури раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар доданд. Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои исроилӣ аз талоши нофарҷом барои терури сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим Ғуморӣ, раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар доданд ва навиштанд, ки ин амалиёт ноком шуд, вай аз он ҷони солим ба дар бурдааст.

Режими Исроил дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Яман бо кулоҳаки хӯшаӣ ба мавозеъи саҳюнистҳо дар Исроил, бо 10 ҳавопаймои ҷангӣ чандин нуқта аз ҷумлаи Кохи риёсати ҷумҳурии Яман, истгоҳи ширкати нафт дар Санъоъ, нерӯгоҳи барқи Ҳазиз дар ҷануби Санъоъро бомбборон кард, ки сангинтарин бомбборони Кохи риёсати ҷумҳурӣ буд.

Яке аз раҳбарони Ансоруллоҳи Яман гуфт, ки падофанди ҳавоии Яман муваффақ шуд бо бахше аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ муқобила карда ва чандин ҳавопаймои ҷангии ин режимро водор ба тарки осмони Яман кунад.

Артиши Яман афзоиши сатҳи ҳамалоти низомӣ алайҳи режими саҳюнистиро бо оғоз марҳилаи ҷадиди ҳамалоти дарёӣ эълом кард. Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёне эълом кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман муқаррар кардааст, ки амалиёти низомии ҳимоятиро шиддат бахшида ва марҳилаи чаҳоруми муҳосираи дарёии душмани саҳюнистиро оғоз кунад.” Вай изҳор дошт, ки …

Binance навишт, давлати Санъо (Ансоруллоҳ) дар иқдоме ҷасурона ва такондиҳанда, пешниҳоди маҳрамонаи Омрикоро дар муқобили таваққуфи амалиёти баҳрии нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баҳри Сурх дар ҳимоят аз фаластиниёни Ғазза рад кардааст. Ин пешниҳод бо радди қотеъи раҳбарии Санъо мувоҷеҳ шуд ва онҳо таъкид карданд, ки таъаҳҳудашон ба масъалаи Ғазза ғайриқобили музокира аст ва таҳти таъсири …

Дар вокуниш ба идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин, нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми як амалиёти мушакии дақиқ ва муваффақ алайҳи фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурён дар Телавив хабар дод. Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо судури баёнияе расмӣ эълом кард, ки дар чорчӯби ҳимояти мудовими Яман аз …