Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Муҳаммад Фараҳ дар ёддоште дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Ҳар кас, ки дар мавриди барафроштани парчами худ дар Санъо сӯҳбат мекунад, аввал бояд бандари Илотро (ки дар натиҷаи ҳамалоти яманиҳо) таътил шудааст, аз нав роҳандозӣ кунад ва тавони барафроштани парчами худ бар рӯйи киштиҳои худашро дошта бошад, чаро ки Исроил аз тарси амалиёти баҳрии мо, киштиҳояшро бо парчами кишварҳои дигар махфӣ мекунад.”
Бар асоси ин гузориш, вай хитоб ба Исроил Котс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ гуфт: “Ту аз ишғоли Санъо сӯҳбат мекунӣ, дар ҳоле, ки ҳатто аз бозпасгирии киштии Galaxy оҷиз ҳастӣ.”
Гуфтанист, рӯзи гузашта вазири ҷанги режими саҳюнистӣ таҳдид карда буд, ки ин режим раҳбари Ансоруллоҳи Яман, Сайидабдулмалик Ҳусиро ҳадаф қарор медиҳад ва парчами режими саҳюнистиро бар рӯйи Санъо барафрошта мекунад.
Ин изҳороти мақоми саҳюнист нишонгари ҳаҷми хасоратҳое аст, ки ин режим ба далели ҳамалоти Яман мутаҳаммил шудааст ва ҳикоят аз сатҳи фарсоиши он дорад.
Нерӯҳои яманӣ ба амалиёти худ дар баҳри Сурх ва Бобулмандаб алайҳи киштиҳои режими саҳюнистӣ ё киштиҳои муртабит ба он идома медиҳанд, ки мунҷар ба таътилии фаъолияти банодири режими саҳюнистӣ ва дар раъси он, Илот шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба амалиёти худ дар умқи сарзаминҳои ишғолии Фаластин идома дода ва ҳамалотеро алайҳи аҳдофи ҳаётии мухталиф дар сарзаминҳои ишғолӣ аз ҷумла фурудгоҳҳои Бен-Гурён ва Ромун тартиб медиҳанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид карданд, ки ба мавзеъи худ дар пуштибонӣ аз Ғазза то замони таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ва бардоштани муҳосира аз он, идома медиҳанд.