Раиси MI6 (Созмони ҷосусии Англис): “Мо пеш аз суқути Асад, бо Ҳайати Таҳрируш-Шом дар Сурия ҳамкорӣ доштем”

Раиси MI6 фош кард, Англис пеш аз ба қудрат расидани Ҳайати Таҳрируш-Шом, бо онҳо иртиботи пинҳонӣ доштааст.Ба гузориши The National, Ричард Мур, раиси Созмони ҷосусии Англис, рӯзи ҷумъа фош кард, ки Ландан пеш аз ба қудрат расидани Ҳайат Таҳрируш-Шом дар Сурия, робитае махфиёна бо ин гурӯҳ барқарор карда буд, ки ин робита, бозгашти диплумотики Англис …

Раиси MI6 фош кард, Англис пеш аз ба қудрат расидани Ҳайати Таҳрируш-Шом, бо онҳо иртиботи пинҳонӣ доштааст.

Ба гузориши The National, Ричард Мур, раиси Созмони ҷосусии Англис, рӯзи ҷумъа фош кард, ки Ландан пеш аз ба қудрат расидани Ҳайат Таҳрируш-Шом дар Сурия, робитае махфиёна бо ин гурӯҳ барқарор карда буд, ки ин робита, бозгашти диплумотики Англис ба ин кишвар пас аз суқути Башшор Асадро фароҳам кард.

Мур, ки ба зудӣ аз мақоми худ дар раъси MI6 канор меравад, тайи суханронӣ дар консулгарии Англис дар Истанбул гуфт: “Мо бо эҷоди робита бо Таҳрируш-Шом як ё ду сол пеш аз сарнагунии Башшор Асад, роҳро барои бозгашти давлати Бритониё ба ин кишвар зарфи чанд ҳафта ҳамвор кардем.”

Гуфтанист, гурӯҳи теруристии Ҳайати Таҳрируш-Шом ба саркардагии Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ маъруф ба Аҳмад Шаръ, пас аз ба қудрат расидан дар Димишқ, расман мунҳал шуд, аммо аъзои он ҳамчунон мақомҳои калидӣ дар давлати ҷадиди Сурияро дар ихтиёр доранд.

Бар асоси ин гузориш, Мур дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Истанбул гуфт: “Сурия намунаи хубе аст, ки нишон медиҳад, вақте афрод пеш аз вуқӯъи рӯйдодҳо омода бошанд, ин омодагӣ бавежа замоне, ки рӯйдодҳо ба таври ногаҳонӣ ва ғайримунтазира суръат мегиранд, бисёр кӯмаккунанда аст.”

Мур, ки панҷ сол раиси MI6 буда, пештар сафири Бритониё дар Туркия буд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *