Харрисон Манн (Harrison Mann), афсари омрикоӣ, ки соли гузашта ба далели ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз Исроил истеъфо дода буд, ҳушдор дод: ”Қаҳтӣ дар Ғазза танҳо оғози роҳ аст ва бар асоси дидгоҳи раҳбарони исроилӣ, пас аз Ғазза, навбати каронаи Бохтарӣ, сипас Лубнон ва Сурия хоҳад буд ва чӣ басо навбати Миср ва Ӯрдун ҳам бирасад.”
Ба гузориши Ал-арабӣ ал-ҷадид, Манн дар изҳороте, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, хитоб ба дӯстонаш дар Вошингтун гуфт: “Агар воқеан аз қаҳтӣ дар Ғазза ваҳшат доред, бояд бидонед, ки ин вазъият ба ин зудӣ поён нахоҳад ёфт. Ин, тоза шурӯъ аст.”
Ин афсари омрикоӣ истеъфои худро дар майи 2024 мунташир кард ва дар он тавзеҳ дод, ки ба далели осеби руҳии ношӣ аз ҳимояти Омрико аз таҷовузи Исроил ба Ғазза, аз симати худ канорагирӣ кардааст. Манн, ки дар хонаводае яҳудӣ мутаваллид шуда, пеш аз ин ба унвони афсари иттилооти низомии Омрико хидмат мекард.
Ӯ бо таъкид бар ин ки агар Исроил мутаваққиф нашавад, ҳар мард, зан ва кӯдаке дар Ғазза кушта ё овора хоҳанд шуд, афзуд: “Ин поёни наслкушӣ нест, балки фақат поёни марҳилаи Ғазза аст. Раҳбарони Исроил ошкоро тамоюли худро барои ихроҷи миллионҳо фаластинӣ аз каронаи Бохтарӣ иброз кардаанд ва дар ҳоли ҳозир низ поксозии қавмиро дар он ҷо бо суръат пеш мебаранд; ин бар асоси дидгоҳи “Исроили бузург” бидуни марз аст.”
Ин афсари омрикоӣ бо ишора ба изҳороти яке аз вузарои кобинаи режими саҳюнистӣ, ки гуфта буд, ки баъд аз Эрон, навбати Туркия аст, ҳушдор дод, ки пас аз поёни Ғазза, тасовири кушторҳои густарда дар каронаи Бохтарӣ зоҳир хоҳад шуд ва сипас навбат ба Лубнон ва Сурия мерасад ва баъд аз он, чӣ касе медонад? Шояд навбати Миср ва Ӯрдун бошад?
Ӯ аз сиёсатмадорон ва фаъолоне, ки мешиносад, хост, то барои таваққуфи ин таҷовузгарӣ иқдом кунанд ва гуфт: “Ҳанӯз метавон аз осебҳои бештар ҷилавгирӣ кард. Ин як набарди тӯлонимуддат аст. Мумкин аст, ин даргириҳо то 15 соли дигар идома ёбад.”